Қатъи ваколатҳои вакилии Давлат Сафарзода ва Хуршед Файзуллозода: таъйини интихоботи нав

© Sputnik / Амир ИсаевДавлат Сафар начальник Управления печати и книгораспространения Министерства культуры Таджикистан, архивное фото
Давлат Сафар начальник Управления печати и книгораспространения Министерства культуры Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ ваколатҳои вакилии Давлат Сафарзода ва Хуршед Файзуллозодаро пеш аз муҳлат қатъ кард
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи Душанбе аз ҳавзаи интихоботии рақами 8, Сафарзода Давлат Шариф пеш аз муҳлат қатъ гардид.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, далели қатъи ваколатҳои Сафарзода таъйинаш ба мақоми нав мебошад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, қаблан Давлат Сафарзодаро, ки роҳбарии нашриёти "Адиб"-ро ба уҳда дошт, ба мақоми муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин намуда буд.
Маҷлиси вакилони халқи Душанбе инчунин ваколатҳои вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 58, Файзуллозода Хуршед Мирзоро қатъ кардаанд. Далелаш таъйин ба мақоми муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфта шуд.
Здание Государственной Думы РФ на улице Охотный ряд в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Зодаи Тоҷикистон вакили Думаи Русия интихоб шуд: ӯ кист
Хуршед Файзуллозода қаблан роҳбарии муассисаи давлатии "ТВ Варзиш"-ро ба уҳда дошт.
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои иваз кардани вакилони номбурда дар ҳавзаҳои интихоботии рақами №8 ва №58 санаи 28 ноябри соли 2021 интихобот баргузор мешавад.
Дар ин робита Комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала