Арзиши тими миллии футболи Тоҷикистон маълум шуд: гаронтарин бозигар Умарбоев

© ФФТНациональная сборная Таджикистана провела заключительную тренировку в Куала-Лумпуре
Национальная сборная Таджикистана провела заключительную тренировку в Куала-Лумпуре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Обуна шудан
Тими миллии футболи Тоҷикистон 5,85 миллион евро арзёбӣ шуда, қиматтарин бозигар нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев будааст
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Портали машҳури варзишии Олмон Transfermarkt.de арзиши тахминии бозигарон ва тимҳои миллии кишварҳои гуногунро номбар кард.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти нашршуда, арзиши умумии тими миллии Тоҷикистон 5,8 миллион евро арзёбӣ мешавад. Дар як сол арзиши тими миллӣ қариб 2 миллион евро афзоиш ёфт.
Гуфта мешавад, ин баҳогузорӣ бо назардошти нархи ҳар як бозигар дар бозори интиқол сурат гирифтааст.
Илова бар ин, портали варзишӣ маълумотро дар бораи футболбозони ҷаҳон навсозӣ кард ва гаронтарин бозигари Тоҷикистон нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоевро ном гирифт, ки дар бошгоҳи "Локомотиви Пловдив" - и Булғористон бозӣ мекунад. Баҳои бозингар 900 ҳазор евро арзёбӣ мешавад.
Кова Тилавпур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2020
Агент Тилавпур. Кӣ футболбозони тоҷикро дар хориҷа "мефурӯшад"?
Дар ҷои дуввум нимҳимоятгари ҳамлагари "Истиқлол" -и Душанбе Алишер Ҷалилов (600 ҳазор евро) қарор дорад. Дар ҷои сеюм нимҳимоятгари марказӣ Эҳсони Панҷшанбе, ки дар "Навбаҳор" -и Намангон бозӣ мекунад, ҷойгир аст. Ӯ 550 ҳазор евро арзёбӣ шудааст.
Ба дар даҳгонаи аввал Манучеҳр Ҷалилов (400 ҳазор евро), Рустам Ятимов (350 ҳазор евро), Комрон Турсунов, Илҳомҷон Баротов, Шаҳром Самиев, Шереддин Бобоев, Муҳаммадҷон Раҳимов шомил шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ тими миллии Қазоқистон гаронтарин даста шуд, ки он 26,4 миллион евро арзёбӣ мешавад.
Яккачини Ӯзбекистон бо арзиши тахминии 24,85 миллион евро пешсафиро каме аз даст дода, дар ҷойи дуввум қарор гирифт.
Тими миллии Қирғизистон дар ин рейтинг 4,5 миллион евро ва Туркманистон 2,6 миллион евро арзёбӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0