Чаро Путину Эрдуғон барои ҳамдигар лозиманд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Турции Р. Эрдоганом
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Турции Р. Эрдоганом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Дидори сесоатии Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон аллакай танҳо барои он муҳим аст, ки аввалин мулоқот дар яку ним сол буд, ҳол он ки равобити русӣ-туркӣ аз гунаи равобите ҳастанд, ки аҳамияти фаротар аз муносиботи ду кишварро доранд.
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дидори қаблии ин ду раисҷумҳур куллан дар ҷаҳони дигар, дар ибтидои моҳи март, замоне ки ҷаҳон гирифтори коронавирус мешуд, сурат гирифт. Албатта, бо роҳандозии қарантина равобит гусаста нашуд: дар ин 18 моҳ Путину Эрдуғон 22 бор суҳбати телефонӣ доштанд. Аммо тавре дирӯз Путин дар Сочи гуфт, аз тариқи телефон намешавад ҳама масоилро баррасӣ кард ва мавзуъ барои гуфтугӯи дутарафа кофист.
Гуфтугӯҳои руасои ин ду кишвар ҳамасола густараи васеи масоилро фаро мегиранд, ки наметавон онро ба сурати "ҳамкорӣ" ё "низоъ"-и якҷониба кам кард. Чун анъана масъалаи аввал ба иқтисод рабт дорад ва аз нерӯгоҳҳои ҳастаӣ, гардишгарӣ то масъалаи “С-400” ё “Маҷрои туркӣ”, масъалаи дувум аз низоъҳои минтақаӣ, аз Сурия то Либиё, ҳамакнун Қарабоғи Кӯҳиро шомил мешавад.
Boeing 737 авиакомпании Аэрофлот - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Эҳтимоли қатъ шудани парвозҳо миёни Русия ва Туркия
Дар ҳукумати 18-солаи Эрдуғон Туркия ба гунаи фаъол дар ҷаҳон манофеи худ аз қабили пантуркизм, неоусмонизм ва панисломизмро тарвиҷ мекунад. Густариши нуфузи Туркия боиси воҳима дар Русия шудааст: туркҳо ба маҳдудаи манофеи миллии мо ҳамла мекунанд, аммо мо чизеро наметавонем дар муқобили он гузорем, таслим мешавем ва ақибнишинӣ мекунем! Туркҳо барандаанду мо мебозем!
Чунин вазъ, бахусус баъди ҷанги озарӣ-арманӣ ба вуҷуд омад; вазъе ки бисёриҳо онро қариб шикасти Русия ва оғози забти Закавказия аз ҷониби Туркия маънидод карданд, ҳарчанд контроли хатти тамоси миёни озариҳо ва арманиҳо дар дасти Русия аст ва албатта, ба гунаи рамзӣ ширкати туркҳо низ мушоҳида мешавад.
Дар ҳамин ҳол мушкили умда дар равобити Маскаву Анкара дар Туркия Сурия маҳсуб мешавад. Идлиб ва минтақаи курднишин дар марз бо Туркия қарор доранд ва ба масоили амнияти миллии ин кишвар гиреҳ хӯрдаанд. Русия дар он ҷо, ҳарчанд манофеи Туркияро ба назар мегирад, тасмими барқарории якпорчагии Сурия, балки бозгардонидани кулли ҳудуди Сурияро зери контроли Башор Асад дорад.
Дар ин ҷо, бахсус дар мавриди ҳалли қазияи Идлиб ҳич масъалаи мушкилу соддае нест. Аммо пешравӣ дар “масъалаи курдҳо” барои он мушкил аст, ки ҳузури амрикоиҳо дар Сурия идома дорад. Дер ё зуд онҳо (дар рафтани онҳо ҳам Русия ва ҳам Туркия манфиатдоранд) мераванд, аммо Русия ва Туркия дар ҳама гуна ҳолат бо Сурия кор мекунанд (Эрдуғон дуруст қайд кард, ки сулҳ дар Сурия аз равобити Анкара ва Маскав вобаста аст). Ва барои ҳама хуб мешавад, агар ин ҳамаро онҳо муштарак анҷом диҳанд, агар муштарак ҳам анҷом надиҳанд, мухолифи якдигар нахоҳанд буд.
Почему США боятся российских С-400, купленных Турцией? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2020
Чаро Иёлоти Муттаҳида аз иттифоқи низомии Русия ва Туркия метарсад: видео
Ҳол он ки масоили матраҳ дар сиёсати хориҷии Русия ва Туркия ба Сируя ва Қарабоғ маҳдуд намешавад, Афғонистон ҳам ба ин ҳамроҳ шуда, ба наздикӣ дар Либиё интихобот баргузор мешавад; он ҷое ки мо рӯи бозигарони мухталиф ҳисоб кардем, аммо ин ҷо ҳам ҳадафҳо муштараканд, хатми азҳампошӣ ва барқарории давлати Либиё.
Зеро барои барқарории Либиё ҳам кумаки Русия лозим аст ва аз Туркия – давлатҳои мо шарики наздик дар Триполи буданд. Ба таври куллӣ, мо дар он ҷо чизе надорем. Ба манфиати умуми мост, ки коре кунем, то барқарории Либиё зери таъсири Ғарб қарор нагирад, он Ғарбе, ки бар барқарории он Либиёе пофишорӣ мекунад, ки бо гуноҳи худи он тахриб шуд.
Дар воқеъ чунин ҷобаҷоии Ғарб яке аз муҳимтарин ангезаҳои таомули Русия ва Туркия аст. Ҳатто агар ин ангезаҳо бештар ба мухолифат монанд бошанд ҳам, Путину Эрдуғон агар ба тавофуқ бирасанд, қодиранд, ин ихтилофотро коҳиш диҳанд. Бале, Туркия ба унвони кишвари узви НАТО боқӣ мемонад, ҳарчанд мухолифати он бо ИМА ва Амрико меафзояд ва амалан батараф нахоҳад шуд.
Оре, ҳамчунин Эрдуғон бо раҳбарони ғарбӣ робитаи маҳрамона надорад: кофист, ёдовар шавем, ки амрикоиҳо чӣ гуна дидори Эрдуғону Байден дар зимни сафари тозаи раисҷумҳури Туркия дар ҷиҳати ширкат дар Маҷмаи умумии СММ-ро рад карданд.
Албатта, англосаксонҳо одат доранд, ки корти туркӣ-русиро ба бозӣ дароранду Туркияро бо ҳадафи Русия ҳидоят намоянд, то пешонаҳои Путину Эрдуғонро ба ҳам зананд. Аммо 18 соли равобити ин ду раисҷумҳур нишон дод, ки онҳо метавонанд ихтилофоти миллиро аз эъмоли нуфузи бегонаҳо фарқ намоянд.
Военный автомобиль российских миротворческих сил на участке дороги Лачинского коридора - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Дурнамои мониторинги Русия ва Туркия дар Қаробоғ чигуна аст
Зеро ҳарду бо дарки манофеи миллии мардуми худ ҳидоят шуда, аллакай Ғарбро аз тафаккуроти геополитикӣ ва сиёсатҳои худ берун кардаанд. Оре, шеваи сиёсати хориҷии туркӣ аз русӣ фарқ дорад, аммо ин тафовут ба ҳич шакле ба барқарории равобити стратегии ду кишвар халал ворид намекунад.
Моро нафрат ба Ғарб ба ҳам овард, на тамоил ба суд аз тазъифи он, балки ин итминон ки мо метавонем ба танҳоӣ ба мушкилоти худ бидуни кумакҳои хориҷӣ ва дахолати дигарон канор оем, моро мепайвандад. Ҳамчунин ба ҳамин шева мо метавонем аз ҳисоби ҳамкориҳои дуҷониба қавитар шавем ва мушкили худро бидуни дахолати кишвари бегона ҳал кунем.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала