Фирори муҳоҷири депортшуда аз дасти пулиси Маскав замони интиқол аз фурудгоҳ

© Sputnik / Николай Гернет / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудник полиции, архивное фото
Сотрудник полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Муҳоҷре, ки қарор буд аз қаламрави Русия депорт шавад аз дасти пулиси Маскав дар фурудгои Внуково фирор кард. Ҳоло барои боздошти ӯ нақшаи “боздошт” эълон шудааст
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар фурудгоҳи шаҳри Маскав замони интиқол, муҳоҷири меҳнатии депортшуда аз дасти пулис фирор кард, иттилоъ додааст Хадамоти ВКД Русия дар нақлиёт.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҳодисаи мазкур дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав рух додааст. Таъкид карда шудаастад, ки як шаҳрванди хориҷӣ бо кӯмаки шарикаш аз фурудгоҳ фирор кардааст.
Полис ду хориҷиро барои депорт карданашон аз Русия ба фурудгоҳ оварданд.
"Ногаҳон, яке аз онҳо, як марди қаблан маҳкумшуда, кӯшиши фирор кард. Ӯ ба курсии мусофири яке аз мошини ҳамсоя париду мошин аз ҷояш фирор кард", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Ронандаи мошин, ки зуд аз ҷои ҳодиса фирор кард ва як корманди полисро ҳам пахш кард.
Мигранты в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Русия қонуни нави муҳоҷиратро таҳия мекунад: ҳамаи қоидаҳо барои муҳоҷирон нав мешавад
Мошин корманди пулисро, ки мехост пеши роҳи вайрон кардани қонунро бигирад даҳҳо метр болои мошинаш, бурдааст.
Дар дар қаламрави пойтахт нақшаи “Боздошт” эълон шудааст.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз даврае, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ метавонистанд ҳузурашонро қаламрави Русия қонунӣ гардонанд, ба охир расид.
Тибқи фармони Владимир Путин, раисҷумҳури Русия давраи сабукӣ барои муҳоҷирон, ки бинобар пандемияи коронавирус ҷорӣ карда шуда буд, санаи 30 сентябр ба охир мерасад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала