Як моҳ хидмат ва 25, 2 ҳазор сомонӣ барои билети ҳарбӣ: қонуни нав ба иҷро медарояд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанВоеннослужащие армии Таджикистана
Военнослужащие армии Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Шурӯъ аз фардо оғози даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш, барои аввалин бор Қонуни хизмати ҳарбӣ, ки он хизмати пулакиро пешбинӣ мекунад, ба иҷро медарояд
ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Парлумони Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” - ро ба имзо расонид.
Ин Қонун пешбинӣ намудааст, ки шаҳрванди қобил ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надорад, метавонад ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намояд.
Рӯзи 30 июли соли ҷорӣ ҳукумат бо қабули қарор андозаи маблағ ва тартиби гузаштани хизмати ҳарбӣ дар захираҳои сафарбариро муайян намуд.
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Эмомалӣ Раҳмон имзо кард: ҳаҷми пули хизмат ва тартиби он маълум шуд
Бино ба қарори ҳукумат шаҳрвандони сину соли даъвати ҳарбӣ метавонанд бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ ва бо гузаштани як моҳ хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захиравӣ соҳиби билет ва ё шаҳодатномаи ҳарбӣ мегарданд.
Музаффар Бобоҷонов, собиқ комиссари ҳарбӣ ва коршиноси созмони ҳуқуқии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар Хуҷанд мегуяд, ин Қонун ҳанӯз нав аст ва дар бораи ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии он ҳарфе гуфтан ҳанӯз бармаҳал аст.
Аммо ин коршинос мегуяд, ҳар чизи ба маблағ вобаста буда, ба афзоиши сатҳи ришвату фасод боис мегардад.
“Масалан то ин вақт ҳар сол дар расонаҳои хабарӣ дар бораи дастгир шудани ин ё он масъули ҷамоат ва ё комиссариати ҳарбӣ барои додани билети ҳарбӣ бо роҳи коррупсионӣ ба нашр мерасанд. Маблағи пешбинишуда дар Қонун 25, 2 ҳазор сомонӣ аст, киҳо ҳавасманди пардохти ин миқдор маблағ ҳастанду киҳо не, ин баъдтар муайян хоҳад шуд”, - гуфт коршинос.
Аммо волидон мегуянд, дар шароити набуди кору даромади собит пардохти ин миқдор маблағро гарон арзёбӣ мекунанд.
Нуриддин Эшонов, як сокини шаҳри Панҷакент мегуяд, пардохти 25, 2 ҳазор сомонӣ барои бисёре аз хонаводаҳо ғайриимкон аст.
Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Президент фармони даъвати тирамоҳӣ ба аскариро имзо кард
“Барои пардохти ин миқдор маблағ бисёре аз хонаводаҳо шароит надоранд ва ночор фарзандонашон ба хизмат мераванд. Онҳое, ки доро ҳастанд шояд бо пардохти маблағ ба фарзандонашон билети ҳарбӣ гиранд”, - гуфт Эшонов.
Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон соле ду маротиба дар фасли баҳор ва тирамоҳ сурат мегирад.
Маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ки моҳҳои октябр – ноябри соли ҷорӣ сурат мегирад, ҷавонони ҷинси марди ба синни 18 расида, инчунин мардони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала