Мунтахабҳои Тоҷикистону Ветнам бозии дӯстона баргузор мекунанд

© ФФТМолодежная сборная Таджикистан
Молодежная сборная Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Миллипӯшони тоҷик дар давраи тамринӣ як бозии санҷишӣ ва як дӯстона доир мекунанд
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобӣ барои Ҷоми Осиё-2022 як ҳафта дар Дубай ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад.
Бино ба иттилоъи маркази матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон яккачини кишвар дар ин давраи тамринӣ ду бозӣ анҷом медиҳад.
Ҳамин тариқ, рӯзи 8 октябр шогирдони Мубин Эргашев бо ҳайати ҷавонони "Шабаб Ал-Аҳлӣ" -и Дубай (U-23) бозии санҷишӣ ва 12 октябр бо ҳамсолони худ аз Ветнам бозии дӯстона анҷом медиҳанд.
Женские сборные Вьетнама и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Ҳафт голи беҷавоби Ветнам ба дарвозаи яккачини занонаи Тоҷикистон
Аҳамият диҳед, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи В бозӣ мекунад.
Дар доираи ин мусобиқот яккачини кишвар бо тимҳои Лубнон (25 октябр), Непал (28 октябр) ва Эрон (31 октябр) рақобат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем ҳоло дар Тоҷикистон Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни мунтахабҳои занона идома дорад, ки тими Ветнам шоми 29 сентябр яккачини Тоҷикистонро бо ҳисоби 0:7 шикаст дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала