Президент бо додситони Русия ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар он кишварро баррасӣ кард

© Пресс-служба генеральной прокуратуры РФГенпрокурор России Игорь Краснов встретился с Президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном
Генпрокурор России Игорь Краснов встретился с Президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Раисҷуҳури Тоҷикистон бо додситони кулли Русия масъалаҳои истирдод ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ ва инчунин ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон, додситони кулли Русия, Игор Красновро, ки бо сафари дурӯза вориди мамлакат гардида буд, пазируфт.
Котиботи роҳбари давлат хабар медиҳад. ки ар кишвар қарор дорад, Эмомалӣ Раҳмон нахуст меҳмонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, робитаҳои зич ва муҳими мақомоти Додситонии кишварҳоро таъкид намуд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳое чун мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, кибер-ҷинояткорӣ баррасӣ қарданд.
Генеральный прокурор РФ Игорь Краснов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Краснов: Террористон зери ниқоби паноҳанда метавонанд ба ИДМ ворид шаванд
Дар идома иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ "Дар бораи рӯйхати созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ" зарур шумурда шуд.
Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои истирдод ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар, баррасӣ гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала