Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

“Қадам ба қафо”: Қатар аз “Толибон”* дилсард шуд

© AP / Mohammad Asif KhanБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Боз як кишвари шарқӣ кори давлати ҷадиди Афғонистонро танқид кард
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Намояндаи давлати Қатар сиёсати тундгароёнаи “Толибон”*-ро маҳкум кард. Ингуна изҳоротро Муҳаммад бин Абдурраҳмон ал-Сонӣ, вазири умури хориҷии Қатар зимни нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амният Ҷозеп Боррел баён кард.
Сиёсатмадори қатарӣ гуфт, ки кишвараш вавзъи Афғонистонро бодиққат назорат дорад.
"Баъзе амалҳое, ки мо чанде пеш дар Афғонистон мушоҳида кардем, боиси ноумедии мо шуд ва ин ҳам як ҷиддӣ ба ақиб мебошад", - гуфт дипломат.
Вазири умури хориҷии Қатар афзуд, ки намояндагони ин кишвар талош доранд ба “Толибон”* роҳеро нишон диҳанд, ки кишварҳои исломӣ метавонанд қонунҳои худро риоя намоянд вале ҳуқуқи занҳоро поймол накунанд.
Мулла Хусейн Охунд, глава правителства Талибана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Раиси вузарои “Толибон”: Ҳеҷ кас ҳақ надорад, дар шаҳри Кобул вориди хонаҳои мардум шавад
Муҳаммад бин Абдурраҳмон ал-Сонӣ аз кишварҳои дигар даъват кард, ки аз Афғонистон рӯй нагардонанд ва ба ин кишвар кумакҳои башардӯстона расонанд.
Дипломати қатарӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои Афғонистон дар ҷиҳати хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ин кишвар таъкид кард ва хостори тасҳили равобити Кобул бо шариконаш шуд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала