Қатли як табиб бо 11 узви хонавода дар Андароб: қотилон ба ҷангиёни толиб монанд буданд

© AFP 2021 / WAKIL KOHSARТалибы в аэропорта в Кабуле
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Дар Андароби Афғонистон як табиби номӣ бо кулли хонаводааш кушта шуд. Марҳум вақтҳои охир ба тадовии захмиён аз Ҷабҳаи муқовимат ва ҳамчунин "Толибон"* машғул буд
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар минтақаи Андароби Афғонистон, Зайнуддин ном пизишк аз дасти афроди номаълум кушта шуд. Марҳум дар деҳаи Дих-Як ба сар мебурд ва ҳамроҳи ӯ 11 узви хонаводааш низ кушта шуд.
Расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки қотилони ин пизишк ба ҷангиёни Ҳаракати "Толибон"*, ки фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия ва аксар кишварҳои ҷаҳон мамнуъ аст, монанд буданд.
Гуфта мешавад, миёни кушташудаҳо занону кӯдакон низ қарор доштанд.
Афганское движение сопротивления и силы восстания против талибов отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Панҷшер: хеши маршал Фаҳим толибон, толибон хешони ӯро ба қатл расонданд
Башир Аҳмад Касанӣ як рӯзноманигорӣ маҳаллӣ навиштааст, ки доктор Зайнуддин вақтҳои охир ба тадовии захмиёни Ҷабҳаи муқовимат машғул будааст. Илова бар ин ба захмбардоштаҳои "Толибон"* низ кӯмак расондааст.
Ҷузъёти қатли пизишк ва хонаводаи ӯ рӯи даст нест ва маълум нест, ки онҳо дар чӣ шароит кушта шуданд.
Зикр мегардад, ки қатли хонаводаи Зайнуддин сокинони маҳаллиро сахт нигарон намудааст ва онҳо аз "Толибон"* дархост карданд, ки қотилони табиб дарёфт ва муҷозоти сахт дода шаванд.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала