Садамаи маргбор дар ноҳияи Рӯдакӣ як кушта ва 8 захмӣ бар ҷой гузошт

© Sputnik / Амир ИсаевСкорая помощь в Душанбе
Скорая помощь в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Бар асари бархӯрди ду автомашина дар ноҳияи Рӯдакӣ, 1 нафар ҳалок ва 8 тани дигар бистарии беморхонаи "Истиқлол" - и пойтахт гардиданд
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Поси шаби 30 сентябр дар роҳи мошингарди ноҳияи Рӯдакӣ садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, хабар медиҳад КҲФ.
Ба иттилои ин ниҳод, садама соати 03:29 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар ҳоле сар зад, ки ду мошин, яке "Старекс" ва дигаре "КАМАЗ" ба ҳам бархӯрданд.
Автомашинаи "Старекс" бо 8 мусофир аз шаҳри Ваҳдат самти пойтахт ҳаракат мекард, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада ба автомашинаи "КАМАЗ" бархӯрд.
Дорожные сигнальные конусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Садамаи поси шаб дар Ваҳдат пиёдагардро кушт: шахсияти ӯ номаълум аст
Манбаъ аз қавли шоҳидони ҳодиса менависад, ки маҳз ноӯҳдабароии ронандаи "Старекс" сабабгори сар задани ин ҳодисаи нохуш гардид.
Зимнан, наҷотбахшон ва кормандони БДА аз дохили мошини "Старекс" 9 мусофирро берун оварданд, ки аз миёни онҳо як мусофири 57 - сола, сокини ноҳияи Ёвон ҷон бохта буд.
Боқимонда ҷароҳатбардоштагон ба бемористони "Истиқлол" - и пойтахт интиқол ёфтанд.
Манбаъ меафзояд, феълан аз рӯи ҳодисаи рух дода тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала