Таҳсин аз вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон

© Sputnik / Амир ИсаевПограничники на таджикско-афганской границе
Пограничники на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷамъшавии "Толибон"* ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мӯътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба як манбаъ дар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар додааст.
Манбаъ меафзояд, феълан дар қаламрави Афғонистон, ки Тоҷикистон ҳаммарз аст, ҷамъшавии ҷангиёни ҳаракати "Толибон"* ба назар намерасад. Илова бар ин, аз ҷониби ҳамсоякишвари Афғонистон ягон иғвоангезӣ низ вуҷуд надорад.
"Аз лаҳзае, ки "Толибон"* қаламрави ҳаммарз бо Тоҷикистонро зери назорати худ қарор доданд, тамоми сохторҳои қудратӣ ва интизомии кишвари мо дар ҳолати омодабош қарор гирифтанд", - таъкид намудаанд нерӯҳои амниятӣ.
Қаблан Вазорати умури хориҷии Русия аз Душанбе ва Кобул даъват карда буд, ки ба ихтилофот хотима диҳанд.
Министерство иностранных дел России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Мусолиҳа кунед: Даъвати Русия аз Тоҷикистону Афғонистон
Вазорат таъкид кард, ки Федератсияи Русия аз хабарҳо дар бораи ҷалби сарбозон ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст. Алексей Зайтсев, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки даҳҳо ҳазор ҷангиёни "Толибон"* дар вилояти Тахори марз бо Афғонистон мустақар шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран "Толибон"* даъво намудаанд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии ин кишвар дахолат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала