Бархӯрди маргбори "Хундай-Старекс" бо мошини боркаш дар роҳ ба Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевСкорая помощь в Душанбе, архивное фото
Скорая помощь в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори мусофирбари "Хундай-Старекс" бо мошини боркаши "Дулон" хабар додааст
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. ВУД-и Тоҷикистон мегӯяд, садамаи маргбор 30-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 03:20 рух додааст.
Манбаъ афзуд, ронандаи "Хундай-Старекс", сокини 30-солаи ноҳияи Рушон ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат-Душанбе дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистон аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, бо мошини боркаши “Дулон”, таҳти идораи ронандаи 43-сола, сокини ноҳияи Фархор бархӯрдааст.
Сотрудники ГАИ города Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Бархӯрди маргбори "Опел"-ҳо: Ҳар ду ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд
"Дар натиҷа мусофири автомашинаи "Хундай-Старекс", марди 57-сола, сокини ноҳияи Ёвон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст",-омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки мусофири дигари автомашинаи мазкур, зани 47-сола, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0