Бердимуҳаммадов гуфт, ба ҳамкории зич бо "Толибон"* омода аст

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент, председатель кабинета министров Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов
Президент, председатель кабинета министров Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Обуна шудан
Ишқобод ба ҳамкории зич бо ҳукуматдорони нав дар Афғонистон омода мебошад
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон, мегӯяд, бодиққат вазъ дар Афғонистонро назорат доранд.
Ӯ дар мусоҳиба бо ТАСС изҳори умед кардааст, ки интиқоли қудрат дар Афғонистон мусолиматомез бо такя ба муколамаи васеи миллӣ сурат хоҳад гирифт.

"Аз ҷониби худ таъкид карданиям, ки мо омодаем бо ҳукумати нав дар Афғонистон ҳамкории зич кунем, то муносибатҳои анъанавии бародаронаро таҳким бахшем. Барои эътидоли вазъ ва барқарорсозии иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат кунем", - таъкид намудаст Бердимуҳаммадов.

Раисҷумҳури Туркманистон бо зикри мақоми нейтралитети кишвараш, афзудааст, ки давлат сиёсати сулҳҷӯёнаи хориҷиро пеш гирифта, ба умури дохилии кишварҳои хориҷӣ дахолат намекунад.
Абдул Хамид Хурасани, глава сулжбы безопасности Талибов в Панджшере - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҳамид Хуросонӣ: Дар Панҷшер афроде ба ноҳақ зиндонӣ мешаванд
Маврид ба зикр аст, ки "Толибон"* дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон марзу минтақаҳои ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуд. Аъзои ин созмони террористӣ 7 сентябр ҳайати ҳукумати интиқолияшро эълон намуданд, ки аксарияти онҳоро толибони паштун ташкил медиҳанд, ки мавриди таҳримҳои СММ мебошанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0