Пизишкдухтари афғонистонӣ сазовори ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ шуд

© Sputnik / Пресс-служба ЦВОМагнитно-резонансная томография в 451-м военном госпитале в Таджикистане
Магнитно-резонансная томография в 451-м военном госпитале в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Муҳоҷирдухтари афғони 29-сола барандаи ҷоизаи Нансен дар Осиё шудааст
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ахиран Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон эълом кардааст, ки доктор Салима Раҳмон, табиби муҳоҷири 29-солаи афғонистонӣ барандаи ҷоизаи минтақавии Нансен дар Осиё шудааст, иттилоъ додааст сомонаи “Парстудей”.
Гуфта мешавад, ки хонум Салима Раҳмон ҷоизаи Нансонро барои талошҳояш дар ҷиҳати боло бурдани сатҳи таҳсилоти духтарон дар ҷомеа ва кумак ба мубориза бо бемории ишемияи дил дар Покистон соҳиб шудааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки хонум Салима Раҳмон дар соҳаи доягӣ ва гинекология тахассус дорад.
Бояд қайд кард, ки Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) ҳамасола ба афрод, гурӯҳҳо ё созмонҳое, ки ба паноҳҷӯён ва бехонумонҳо хидматҳои муфид мерасонанд, ҷоизаи гурезаҳои Нансенро тақдим мекунад.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Қадам ба қафо”: Қатар аз “Толибон”* дилсард шуд
Ин ҷоиза аз соли 1954 инҷониб дода мешавад.
Ин ҷоиза ба номи барандаи ҷоизаи сулҳи Нобели Фридҷоф Нансен, сайёҳ, сиёсатмадор ва донишманди норвегӣ гузошта шудааст.
Нансен ҳамчун аввалин Комиссари олии гурезаҳои СММ барои ҳалли мушкилоти фирориён ва муҳоҷирон кор карааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала