Ҳамкориҳо вусъат меёбанд: Имзои санади ҳамкорӣ миёни вузарои молияи Тоҷикистону Ӯзбекистон

© Sputnik / Вероника Антонова-ТризноПодписание договора, архивное фото
Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Дар шаҳри Тошканд маросими имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ӯзбекистон сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати молияи Тоҷикистон, ахиран дар пойтахти Ӯзбекистон, дар рӯзи дуюми баргузории нахустин Ҳамоиши иқтисодии Ӯзбекистон маросими имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ӯзбекистон баргузор гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, санади мазкурро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва вазири молияи Ӯзбекистон Тимур Ишметов имзо карданд.
Тавре манбаъ қайд кардааст, ба имзо расидани санади мазкур ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ӯзбекистон барои боло бурдани мизони таъсиргузории мудирияти молии давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Имзои боз як санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Бояд гуфт, 29-30 сентябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон нахустин Ҳамоиши иқтисодии Ӯзбекистон бо иштироки намояндагони воломақоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалии молӣ, бонкҳо ва сармоягузорон, инчунин ширкатҳои аудиторию консалтингӣ баргузор гашт.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории ҳамоиш баррасии иқдомоти ҷаҳонӣ барои муваффақ кардани ҳадафҳои рушди устувор, масъалаҳои марбут ба рушди бозори сармоя, татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин рушди ҳамкории иқтисодию тиҷории кишварҳои минтақа буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала