Ҷазои сокини Хатлон барои таҳияи се ғизо дар тӯй

© Sputnik / Стас ЭтвешПлов, архивное фото
Плов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Сокини Леваканд дар тӯйи духтараш зиёфати боҳашамат баргузор кард ва барои нақзи кардани қонуни танзим ҷарима шуд
ДУШАНБЕ, 1 окт - Sputnik. Як сокини шаҳри Леваканди вилояти Хатлон барои нақзи Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ" ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Додситонии кули Тоҷикистон.
Мард мебоист тӯйи духтарашро аз соати 08:00 то 10:00 баргузор мекард, аммо дар шоми қабл аз тӯй ӯ шумораи зиёде аз меҳмононро ба хона даъват кард.
Тибқи иттилои Додситонии кул, ӯ барои онҳо "бо омода кардани се хӯрок" ҷашни бошукӯҳе ташкил кард ва илова бар ин зиёфатро рӯзи дигар низ давом додааст.

"Вай қоидаҳои баргузории чорабиниҳоро вайрон кард ва ба ҷои як оши палав меҳмононро бо се таоми гуногун зиёфат дод",-гуфтанд дар ин ниҳод.

Ин қонуншиканиҳо, ба қавли манбаъ, қабл аз баргузории рӯзи тӯй сурат гирифаанд, ки пас аз ҷарима, дар рӯзи бурдани арӯс ба хонаи домод падари духтар муқаррароти қонунро риоят кардааст.
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Ҷаримаи мансабдори дастгоҳи раиси Суғд барои нақзи қонуни танзим: дастури раиси Суди олӣ
Гуфта мешавад, ки додситони Леваканда алайҳи ин мард бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз ва тибқи он, додгоҳ ӯро ба пардохти ҷарима муваззаф кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала