Мақомоти милисаи Суғд наздики 250 кило маводи мухаддирро оташ заданд

© МВД РТСотрудники милиции Согдийской области при участии специальной комиссии МВД провели операцию по уничтожению наркотиков
Сотрудники милиции Согдийской области при участии специальной комиссии МВД провели операцию по уничтожению наркотиков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз нобудсозии ҳудуди 250 кило маводи мухаддир дар вилояти Суғд хабар додааст
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ дар вилояти Суғд маводи мухаддиреро, ки дар доираи 95 парвандаи ҷиноӣ мусодира кардааст, нобуд кард.
"Беш аз 249,6 кило воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки дар доираи 95 парвандаи ҷиноӣ ва 64 маводи маъмурӣ мусодира гардиданд, таҳти назорати комиссия дар ҳузури намояндагони мақомоти суду прокуратура ва ВАО нобуд карда шуданд",-хабар дод ВУД.
Заместитель председателя правительства РФ Юрий Борисов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Ноиби сарвазири Русия ду хатар аз Афғонистон барои Осиёи Марказиро гуфт
ВУД эълон намудааст, мусодираи маводи мухаддир дар мақомоти корҳои дохилӣ яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ анҷом мешавад. Таъкид шудааст, ки ин омил ҳангоми натиҷагирӣ ва баҳодиҳии фаъолияти шуъбаву хадамоти мақомот мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор мегирад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сӯзонида нест кардани воситаи нашъадор идомаи мантиқии мубориза бо гардиши маводи мухаддир буда, барои пурра аз муомилот мондани воситаи нашъадор мусоидат менамояд. Барои нобудсозӣ маводи мухаддире пешниҳод мешавад, ки ҳалнома ва таъйиноти судӣ барои маҳви онҳо аллакай ба тасвиб расидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала