Октябр дар Тоҷикистон бо коҳиши евро оғоз ёфт

Курсы валют  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Бонки миллӣ тақвияти пули миллиро идома медиҳад, ки тадриҷан поинравии қурби асъори хориҷиро аз он шаҳодат медиҳад
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон коҳиши қурби евро дар баробари сомонӣ идома дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон то 1 октябр қурби расмии пули аврупоиро барои як евро 13.1044 сомонӣ муайян кардааст.
Ҳарчанд ҳанӯз дар моҳи сентябр ин рақам дар сатҳи 13.4010 сомонӣ барои як евро нигоҳ дошта мешуд.
Дар мавриди асъори амрикоӣ бошад, он устувории нисбиро нишон медиҳад ва барои як доллар 11,31 сомонӣ бо нишондоди БМТ арзиш дорад.
Рубли русӣ то ҳол барои ҳазор рубл 154 сомонӣ арзиш дорад, аммо дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба 156 сомонӣ мерасад.
Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро сиёсати Чин сабаби ҷаҳиши доллар мешавад
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.318560 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.1004 то 13.25 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1549 то 0.1565 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала