"Politico": Силоҳи Путин Байденро девона кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент США Джо Байден во время встречи с президентом РФ Владимиром Путиным
Президент США Джо Байден во время встречи с президентом РФ Владимиром Путиным  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Вашингтон бояд миёни иҷрои қонун ва ҳифзи равобити муштарак бо Ҳиндустон якеро интихоб кунад
ДУШАНБЕ, 1 октябрь - Sputnik. Силоҳҳои Русия, ки ба Ҳиндустон фурӯхта шудаанд, "дарди сар"-и президенти Ҷо Байден шудааст, менависад маҷалаи “Politico”.
Нашрия қайд мекунад, ки Амрико аз Ҳиндустон барои харидани силоҳ аз Русия зиддият нишон медиҳад.
Созишномаи байни Маскав ва Деҳлӣ баҳсбарангез аст. Ин созишнома мудатҳост, ки боиси нигаронии Вашингтон шудааст.
Дар арафаи арзаи силоҳ маъмурияти Байден бояд ҳарчи зудтар роҳи ҳалли беҳтари ин масъаларо пайдо намояд.
Запуск космического корабля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Чаро мушакҳои фаросадоии Русия ба корбурди ҳавопаймоҳои Амрико халал мерасонанд
"Politico" ишора мекунад, ки дар ин вазъ мушкили асосӣ Қонун "Дар бораи муқовимат бо рақибони Амрико" мебошад, ки бар зидди кишварҳое, ки аз Русия силоҳ мехаранд, зери таҳрим қарор мегиранд.
Ҳиндустон як шарики калидии ИМА дар минтақа аст. Ҳоло Байден интихоби ҳалкунандае дорад. Вокуниши Вашингтон ба созишномаи Маскав ва Деҳлӣ ба дигарон бояд нишон диҳад, ки дар чунин вазъият чиро интизор бояд бошанд, таъкид мекунад "Politico".
Кохи Сафед бояд ин вазъро бо Конгресс муҳокима кунад, то "ин шамшер дар давоми даҳ соли дигар сари муносибатҳои мо овезон нашавад",- гуфт Самир Лалвани, мудири кулли барномаи Осиёи Ҷанубӣ дар Маркази Стимсон.
Ёдовар мешавем, ки Маскав ва Деҳлӣ дар соли 2018 дар бораи фурӯши панҷ полки низомҳои зиддимушакии С-400 ба маблағи беш аз 5 миллиард долларро ба имзо расониданд. Ин созишнома бузургтарин дар таърихи “Рособоронэкспорт” ба ҳисоб меравад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала