Президент бо фаъолони Ҳамадонӣ аз вазъи Афғонистону ҳифзи сарҳад гуфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст, ҳар сокинро ба саҳмгузорӣ дар ҳифзи сарҳади давлатӣ даъват намуд
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон шароити сиёсиву башарӣ дар Афғонистони ҳамсояро ногувор хонда, таъкид намуд, ки ҳифзи боэътимоди марзи давлатӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлату Ҳукумат ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад.
Ӯ афзуд, ки ҳар як сокини ноҳия бояд дар ҳимояи сарҳади давлатӣ ва зиндагии орому осудаи ҳамдиёрони худ саҳм гузорад.
"Таъкид менамоям, ки ин сарҳад на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи бисёр муҳим дорад", - изҳор дошт Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Ҳамадонӣ.
Раисҷумҳур тавзеҳ дод, ки сарҳадбонони кишвар бо ҳимояи марзҳои давлати Тоҷикистон бехатарии кишварҳо ва минтақаҳои дигари дунёро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳифз карда истодаанд.
Вай таъкид намуд, ки бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори сарҳадиро идома хоҳад дод.
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
“Толибон”* сарусадо дар мавриди интиқоли нерӯ ба марзи Тоҷикистонро рад кард
Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба сокинони наздимарзӣ таъкид намуд, ки ҳар яки мо барои ҳимояи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон доимо ҳушёру омода бошем.
Ин таъкидҳои Раҳмон дар ҳолест, ки ахиран қудрат дар Афғонистонро созмони террористии "Толибон"* ғасб карда, аз эълони "иморати исломӣ" хабар доданд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0