Продюсери шинохтаи Русия таассуроташро аз Тоҷикистону ҳунармандони ҷавонаш гуфт - видео

Обуна шудан
Лина Арифулина, продюсери мусиқии Русия таассуроташро аз иштирокдорони озмуни "Суруди русӣ" ё худ "Русская песня" - ро баён дошт
Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии ҷашнвораи "Русская песня" баргузор гардид, ки аз ҷониби Хонаи Русия ташкил шуд.
Ба марҳилаи ниҳоӣ 24 овозхони ҷавон роҳ ёфтанд, ки сурудҳо классикӣ ва муосирро иҷро карданд. Номи ғолибони озмун, то анҷоми пахши он тариқи телевизиони "Душанбе HD", ки моҳи октябр дар назар аст, эълон намешавад.

"Ман бори аввал дар Тоҷикистонам. Ҳама чиз хеле ҷаззобу зебо, то ҳол дар тасвири таассуротам оҷизам", - изҳор дошт Арифулина.

Ӯ илова намуд, ки забони мусиқӣ сарҳад надорад, бинобар ин иштирокдорон метавонистанд бо забони тоҷикӣ низ эҷод кунанд ва баъзан омезишҳои хуби фарҳангӣ намудор мешуданд, ки қобили таваҷҷуҳ буд.
"Равшанӣ, саҳна, тарзи баромаду кори иштирокдорон, ҳама муҳим. Хеле ҷолиб аст, ки баъзе таркибҳои миллӣ ва муосир ҳифз мешаванд. Ин омезиш хеле хуб аст", - илова намудаст продюсер.
Дар мавриди нафари пирӯз, Лина Арифулина бидуни зикри ном гуфт, ки ӯ иштирокдори хеле арзанда аст, ки мисоли ибрат барои ҷавонон хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0