Имомхатибони Тоҷикистон ба "Толибон"*: "Тоҷик миллати дергиру сахтгир аст!"

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксСоборная Ак-мечеть (Белая мечеть) , архивное фото
Соборная Ак-мечеть (Белая мечеть) , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Имомхатибони тамоми масҷидҳои Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъаи имрӯз ба таҳдиди Мулло Бародар, муовини сарвазири “Иморати исломии “Толибон”* ба Тоҷикистон посух доданд
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дастикам чаҳор намозгузор аз гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон таъйид намуданд, ки имомхатибон дар масҷидҳо аз ҳарфҳои раҳбари аршади “Толибон”* шадидан интиқод карда, ҳудуди ним соати хутбаи худро ба ин мавзуъ ихтисос додаанд.
Дар ин хутба, ки матнаш аз сӯи яке аз имомхатибони шаҳри Душанбе дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, нахуст ба ин ишора шудааст, ки “Толибон”* бо сиёсатҳои худ Афғонистонро дар инзивои байналмилалӣ қарор дод ва ҳоло ҳеҷ кишвари дунё омода нест, ки ҳукумати “Толибон”*-ро ба расмият шиносад.

“Давлатҳое чун Фаронса, Русия, Амрико, Олмон, Туркия, Италия, Ҳиндустон, Дания ва амсоли он рӯирост изҳор доштанд, ки ҳукумати “Толибон”* дар чунин шаклу шева аслан қобили қабулу пазириш нест. Ҳатто давлатҳое, ки низомашон исломӣ аст, мисли Эрону Арабистони Саудӣ ҳам ҳукумати "Толибон"*-ро қабул надоранд”,-гуфта шудааст дар хутба.

Имомхатибон дар такя ба суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки аз ҷумла дар охирин мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфтаанд, Тоҷикистон ба тақдири халқи ҳамсоя бетараф буда наметавонад ва дар асоси қонунҳои байналмилалӣ талош мекунад, то ҳуқуқу манфиати тоҷикон дар канори халқу миллатҳои дигар таъмин ва ҳифз шавад, мавзеъгирӣ карданд.
Панджшерское ущелье в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Раҳмон дар СММ аз фоҷиаи инсонӣ дар Панҷшер ва хомӯшии созмонҳои байналмилалӣ гуфт
Дар идома онҳо суханони Мулло Бародарро зери тозиёнаи танқид гирифта, ҳарфҳои ӯ дар бораи “дахолати ноҷо” – и Тоҷикистон дар умури Афғонистонро “ғайримантиқӣ” ва “туҳмат” хонда, лаҳни таҳдидомези роҳбарияти “Толибон”*-ро, ки гуфтааст, “ҳар амал аксуламале дорад”, баёнгари ифротӣ будани ҳукумати ташкилкардаашон дар Афғонистон хондаанд.

“Террорист кист?

Тарсафкану даҳшатафкан! Ҳамин қавли Мулло Бародар худ гувоҳи он аст, ки гурӯҳи “Толибон”* дар рафтору амал ва тасмимгириҳо аслан тағйир накардааст, балки ҳоло бо найрангу ҳилаҳои наве талоши татбиқи ҳамон ҳадафҳои куҳнаро доранд. Ба қавли шоир:
“Ба ҳар ранге, ки хоҳӣ ҷомае пӯш,
Ман аз тарзи хиромат мешиносам!”, - омадааст дар хутба.
Имомхатибони тоҷик аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф нашудани ҳукумати “Толибон”*-ро хеле маънидор хонда, бар баъзе кишварҳо, ки сиёсатҳои “эҳтиёткорона”-ву “дугона”-и худро ба намоиш мегузоранд, низ ишора кардаанд.

“Тоҷик кист?”

Дар идомаи суҳбатҳояшон имомхатибон ба аҳдофи “Толибон”* пардохта, гуфтаанд, ки онҳо аз ҳамин роҳ мехоҳанд дар дили мардум як навъ тарсу ваҳмро ҷо диҳанд, аммо тоҷик, чи тоҷики Тоҷикистон ва чи тоҷики Афғонистон имрӯз ба хубӣ медонад, ки ин гурӯҳи худхонда кисту чӣ зарфияту иқтидоре дорад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Таассуфи Раҳмон аз ваъдахилофии "Толибон"* ва ишора ба ҷойгоҳи хоси тоҷикон дар Афғонистон
Ҳоло аз чунин таҳдидакҳо миҷаи тоҷик хам намехӯрад! Шумо ҳодисаҳои баҳси марзӣ ва дар пайи он иттиҳоди азими миллати тоҷикро, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш иттифоқ афтод, ёд доред? Ҳамон ҳодисаҳои марзӣ нишон доданд, ки тоҷик миллати пуртаҳаммул, аммо баномус аст, гуфтаанд имомхатибон.

"Тоҷик миллати дергиру сахтгир аст! Чанд моҳи пеш Тоҷикистон қудрати низомии худро ба намоиш гузошт ва бо дидани чунин иқтидори бузурги дифоии Ватан ҳар як тоҷик бо дили пур гуфта метавонад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол тавони пурраи муҳофизати марзу буми худро дорад”,-гуфтаанд онҳо.

Дар идома хатибон ин нуктаро ҳам зикр кардаанд, ки Тоҷикистон узви созмонҳое назири Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) аст, ки тибқи низомномаи он, дар сурати пеш омадани хатар ба ягон узви созмон кишварҳои дигари узв барои маҳор кардани он иқдом мекунанд.
Мулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Мулло Бародар Тоҷикистонро ба дахолат ба кори Афғонистон муттаҳам кард
“Новобаста аз ҳамаи ин ҳамоно иқтидори асосии мудофиавии Тоҷикистон ин фарзандони бонангу номуси он мебошанд, ки барои муҳофизати Ватани падариву аҷдодиашон омодаанд, ҳама гуна душманро торумор кунанд. Иқтидори Тоҷикистон артиши пурқудрату қавии он аст, ки ба ҳар таҳдиду хатаре посухи дандоншикан дода метавонад. Мардони тоҷик ҳамин қадар қудрату нангу номусе доранд, ки Ватан, марзу бум ва номуси худро муҳофизат кунанд”,-гуфтаанд имомхатибон.

Мафҳуми “ҳифзи Ватан”

Имомхатибон гуфтаанд, мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли буҳрони Афғонистон, ки бояд аз тариқи музокирот ва бо дарназардошти манофеи ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ ҳукумати фарогире ташкил шавад, мантиқӣ, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ, бетағйир аст ва як гурӯҳи ифротӣ наметавонад ҳар чӣ дилаш хост, болои мардум таҳмил кунад.
“Ҳадаф аз овардани ин мисолу гуфтаҳо он аст, ки мо бояд ба чунин суханҳои пӯчу таҳдидомез аслан дода нашавем. Аз фаъолияти тахрибкоронаи чунин гурӯҳҳои ифротию террористӣ барои худ сабақи лозимӣ гирем, барои ҳифзи хонаву дар, падару модар, зану фарзанд ва молу мулки худ, ки ҳамагӣ дар мафҳуми ҳифзи Ватан мегунҷанд, ҳар кори аз дастамон меомадаро анҷом диҳем”, - гуфтаанд имомхатибон.
Министерство иностранных дел России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Мусолиҳа кунед: Даъвати Русия аз Тоҷикистону Афғонистон
Дар охир онҳо ба фармудаҳои дини Ислом дар бораи ҳифзи Ватан ва ҷойгоҳи бениҳоят баланди он пардохта, ояти 200-и сураи “Оли Имрон”-ро мисол оварданд, ки дар он аз фазилати ҳифзи Ватан ва ҳимояи марзу буми он таъкид шудааст ва ҳам ҳадисе аз Паёмбари Ислом (с) овардаанд.
“Як шаб бедорхобӣ дар роҳи ҳифзи Ватан беҳтар аз савоби Шаби қадр аст, ки дар назди “ҳаҷар-ул-асвад” гузаронида шавад” (ривояти Байҳақӣ, китоби “Шуъайб-ул-имон”, ҳадиси 4117).
Вокуниши саросарии имомхатибони тоҷик ба изҳороти қаблии “Толибон”* дар ҳоле сурат мегирад, ки се раҳбари ин гурӯҳ, аз ҷумла Мулло Бародар қаблан аз дахолати Тоҷикистон ба умури Афғонистон суҳбат карда, ба лаҳни таҳдидомез гуфта буданд, ки ҳар амал аксуламале дорад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала