Варзишгарони Тоҷикистон дар Тошканд панҷ медал гирифтанд

© taniadimas /PixabayЛегкая атлетика, архивное фото
Легкая атлетика, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, варзишгарони тоҷик қаҳрамонии Осиёи Марказӣ дар риштаи варзиши сабукро бо панҷ медал ҷамъбаст карданд
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар қаҳрамонии дуюми Осиёи Маразӣ дар шаҳри Тошканд наврасону ҷавонон дар бахши риштаи сабук зӯрозмоӣ карданд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин чемпионат ҳудуди 1000 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эрон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.

"Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ сазовори 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ шуданд",-омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпӣ.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки медали тиллоро Муҳаммадризо Мирзозода эстафетаи 400-метрӣ бо монеаҳо миёни наврасон – варзишгарони соли таваллудашон 2004-2005 ба даст овард.
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Қаҳрамонҳо 100 ҳазор долларӣ мегиранд: эълони ҷоизапулии Чемпионати бокс дар Белград
Дар ин синну сол, ҳамчунин дастаи писарон дар эстафетаи 4 нафар ба масофиаи 100-метрӣ сазовори медали нуқра ва дастаи духтарон дар эстафетаи 4 нафар ба масофаи 100-метрӣ медали биринҷӣ гирифтаанд. Инчунин Меҳрубон Ҳоҷиқурбонзода дар даҳҳарба медали биринҷиро соҳиб шудааст.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, як медали биринҷии дигарро Шамсиддин Авазов дар найзапартоӣ миёни ҷавонон – варзишгарони соли таваллудашон 2002-2003 ба даст овардаст.
Лентаи хабарҳо
0