Дастури Раҳмон ба кормандони КДАМ: бо дониш дар сафи пеши мубориза бошед

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зарурати донишу малакаи касбӣ барои кормандони мақомоти амнияти миллиро дар мубориза бо ҷинояткорон таъкид кард
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон масъулини КДАМ-ро муваззаф кард, ки бо донишу малакаи касбии худ ҳамеша дар сафи пеши мубориза ба қонуншиканиву ҷинояткорӣ бошанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ин нуктаро 2 октябр зимни ифтитоҳи бинои нави шуъбаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Фархор таъкид кард.
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин и генеральный секретарь ООН Антонио Гутерреш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Тоҷикистон зери ҳимояи СММ: Муҳриддин ва Гутерриш дар бораи чӣ суҳбат карданд
Таъкид шудааст, ки иншооти мазкур дар деҳоти Фархор ҷойгир буда, бо назардошти талаботи кории мақомот дар зарфи як сол бунёд гардид.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур гуфт, ифтитоҳи иншооти мазкур имконият медиҳад, ки кормандони ниҳоди мазкур мувофиқи талаботи оинномавӣ сатҳу сифати корро боз ҳам баландтар бардоранд ва дар пойдории амнияту осудагии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бештар гузоранд.
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор идома дошта, ӯ чандин иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла мактабу шифохонаро низ ифтитоҳ кард.
Лентаи хабарҳо
0