Фонди саудӣ дар Фархор мактаби муосир сохт

© Sputnik / Амир ИсаевРӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Фархор, мактаби навбунёдро ифтитоҳ кард, ки бо маблағгузории Фонди саудии рушди амалӣ сохта шудааст
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар деҳаи Аловуддини деҳоти Фархор бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 мавриди истифода қарор гирифт, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мактаби мазкур, ки бо маблағгузории Фонди саудии рушд амалӣ бунёд шудааст, аз 2 қисм иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимӣ 1,4 га-ро ташкил медиҳад. Муассисаи мазкур барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шудааст, афзуд манбаъ.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Дастури Раҳмон ба кормандони КДАМ: бо дониш дар сафи пеши мубориза бошед
Таъкид шудааст, ки дар мактаб барои инкишоф додани зеҳни хонандагон синфхонаи шоҳмот ташкил гардида, он бо тахтаи электронӣ ва компютерӣ, 16 ҷойи нишаст ва 4 ҷуфт тахта барои бозии шоҳмот таъмин гардидааст.
"Синфхонаҳои фаннӣ, ба монанди физика, химия ва биология бо тахтаи электронӣ, компютер ва таҷҳизоти лабораторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин мебошанд", - омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур илова намуд, ки китобхонаи мактаби №4 дорои 13 ҳазор адабиёти гуногун буда, ин муассиса инчунин дорои толори маҷлисгоҳ, ошхона ва варзишгоҳи муосир мебошад.
Лентаи хабарҳо
0