Лукашенко қасам хӯрд, ки то мурдан президент намемонад, вале ба як шарт

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксМитинг в поддержку действующего президента Белоруссии А. Лукашенко в Минске
Митинг в поддержку действующего президента Белоруссии А. Лукашенко в Минске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Лукашенко мегӯяд, агар Ғарб ба Беларусия ҳамла кунад, президенти абадии хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко гуфт, ки ӯ то дами марг президент нахоҳад буд, аммо таъкид кард, ки дар сурати фишорҳои Ғарб, ҳатто ба қимати ҷони худ истиқлоли кишварро дифоъ хоҳад кард.
"Қасам мехӯрам, ки ман ҳатто то мурдан президент шуданӣ нестам. Қсам мехӯрам. Ҳама чиз аз вазъи Беларус вобаста хоҳад буд", - гуфт сарвари давлат дар мусоҳиба бо CNN, ки пораҳои он дар сомонаи Sputnik Беларус интишор шудаанд.
Лукашенко бо ишора ба Ғарб ва кишварҳои дахил дар сиёсати Беларус гуфт, агар шумо, ба ҳеҷ ваҷҳ ба вазъи мо дахолат накунед ва мо худро ҳамчун давлати соҳибихтиёри мустақил, ҳамчун мардуме, ки сазовори соҳибихтиёрӣ ва мустақил будан ҳастанд, боварӣ ва оромӣ ҳис кунем, бовар кунед, ҳама чиз зудтар, аз он ки шумо фикр мекунед хоҳад шуд.
"Аммо агар шумо танҳо ҷуръат кунед, ки ба чорабиниҳои мо дахолат кунед, мисли соли гузашта, ин бад хоҳад буд. Ин ҳамон тавре хоҳад буд, ки шумо ҳоло фикр мекунед ", - гуфт Лукашенко.
Рӯзноманигор аз Лукашенко пурсид, ки 27 сол дар курсии президентӣ аст ва кай истеъфо медиҳад.
Президент Белоруссии Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
"Ҳамаро ба дӯши президент гузоштанд": Лукашенко хостори тақсими салоҳиятҳо шуд
Дар посух ба рӯзноманигори CNN президенти Беларус гуфт, тӯли 27 сол ба мардуми худ хидмат мекунад ва бо шӯхӣ изҳор дошт, ки ман ҳанӯз ба синну соле нарасидаам, ки ҳомии шумо дар Вашингтон дорад.
Аммо, дар ҳамин ҳол президенти 67 -солаи Беларус қайд кард, ки ӯ то ин синну "намерасад".
"Президент метавонад то он даме, ки ӯ мехоҳад, бошад ва мардум ӯро интихоб кунанд. Аммо агар ӯ солим бошад ва кишварро идора карда тавонад. Мо вазъияти душвор дорем. Аз ин рӯ, бояд як одами нерӯманд ва солим бошад, ки аз ҷониби мардум интихоб шавад ва ӯ хоҳад, ки президент шавад", - гуфт Лукашенко. Ӯ инро шартҳои асосӣ номидааст.
"Аммо ман дар бораи як чиз мегӯям: бояд сулҳ ва оромӣ бошад, он чизе ки ман ҳамчун президенти аввали Беларус офаридаам вайрон нашавад. Агар шумо ба мо ҳамла кунед, моро пайваста бомбаборон кунед, моро аз гуфтан, чеҳра ва истиқлолияти худ маҳрум кунед, президенти абадӣ хоҳам буд. Он чизеро, ки дар якҷоягӣ бо мардуми белорус сохтаам, ҳатто ба қимати ҷони худ ҳимоя мекунам", - таъкид кард президент.
Пас аз интихоботи президентӣ дар Беларус, ки 9 августи соли 2020 баргузор шуд, ки дар он Лукашенко бо дарёфти 80,1% -и овозҳо бори шашум пирӯз шуд, ки пас аз он дар кишвар тазоҳуроти оммавии мухолифон оғоз шуд ва нерӯҳои амниятӣ онҳоро пахш кард. Санаи 11 феврал Кумитаи амнияти Беларус эълон кард, ки вазъ дар кишвар мӯътадил шудааст, авҷи эътирозҳо гузаштаву зуҳуроти онҳо амалан аз байн рафтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала