Пешгӯии Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ояндаи Афғонистон: Ӯ сокинони Фархорро ба ҳушёрӣ хонд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузаштан ба хазинаи аксГоры на границе Таджикистана и Афганистана
Горы на границе Таджикистана и Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сокинони навоҳии кишвар, аз ҷумла минтақаҳои наздимарзӣ масъалаи Афғонистон мебошад
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони Фархор таъкид намуд, ки ин ноҳия аз ҷумлаи мавзеъҳои сарҳадии ҷумҳурӣ мебошад.
"Вазъияти кишвари ҳамсояи мо Афғонистон ба ҳамаи шумо маълум аст. Тибқи таҳлилу пешгӯиҳо вазъи ин кишвар минбаъд низ мураккабу печида мегардад", - изҳор дошт Раҳмон дар хитоб ба сокинони наздимарзӣ.
Ӯ гуфт, дар чунин шароит Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро барои тақвияти ҳифзи сарҳади давлатӣ андешида истодааст, аммо аҳолиро низ зарур аст, ки ҳушёр бошанд.

"Дар ин кори муҳим ҳар як сокини ноҳия низ бояд саҳм гузорад, яъне ҳамеша ҳушёру зирак бошад ва бо сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти ҳимояи марзи давлатӣ ҳамкорӣ намояд", - зарур хонд Раҳмон.

Ӯ изҳори боварӣ кард, ки сокинони Фархор дар ободӣ ва ҳифзи сулҳу суботи кишвар минбаъд низ саҳми арзанда мегузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки "Толибон"* дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон марзу минтақаҳои ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуд. Аъзои ин созмони террористӣ 7 сентябр ҳайати ҳукумати интиқолияшро эълон намуданд, ки аксарияти онҳоро толибони паштун ташкил медиҳанд, ки мавриди таҳримҳои СММ мебошанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала