Раиси Хадамоти амнияти Гурҷистон гуфт, аз омадани Саакашвили огоҳ буд

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксБывший губернатор Одесской области Украины и лидер политической партии "Рух нових сил" Михаил Саакашвили, архивное фото
Бывший губернатор Одесской области Украины и лидер политической партии Рух нових сил Михаил Саакашвили, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Мақомоти Гурҷистон барои омодани собиқ раисҷумҳур, Михаил Саакашвили омодагӣ медидаанд
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Мақомоти амнияти давлатии Гурҷистон аз сафари Саакашвили огоҳӣ доштанд, изҳор дошт Григол Лилуашвили, сардори Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар.
"Мо аз аввал дар бораи сафараш огоҳ будем, аз ҳамон лаҳзае, ки вай вориди кишвар шуд. Баъди ин амалиёти мушаххас тарҳрезӣ шуд, то аз бетартибию қурбониҳо ҷилавгирӣ шавад", - нақли қавл овардааст РИА Новости аз суҳбати Лилуашвили бо шабакаи телевизионии "Пирвели".
Рӯзи 1 октябр сарвазири Гурҷистон, Ираклий Гарибашвили иттилоъ дод, ки Саакашвили дар Ватан боздошт шуд. Раиси ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" - "Грузинская мечта", Ираклий Кобахидзе изҳор дошт, ки Саакашвили нияти анҷоми табаддулоти давлатӣ дар кишварро дошт.
 Украинский государственный флаг прикреплен к забору на украинско-российской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Чигуна Украина барои кишварҳои пасошӯравӣ дарс шуд
Худи собиқ раисҷумҳури Гурҷистон эълон карда буд, ки то интихобот ба мақомоти маҳаллии худидора, ки 2 октябр баргузор мешавад, ба Ватан бармегардад. Рӯзи 2 октябр сокинони 64 шаҳру навоҳии Гурҷистон раисону вакилонашронро интихоб мекунанд.
Алайҳи Саакашвили якчанд парвандаи ҷиноӣ дар Гурҷистон боз шуда, қаблан дар ғайбаш ӯро дар робита ба қатли бонкдор, Сандро Гиргвлиани, латукӯби Валерий Гелашвили мутаносибан ба се ва шаш соли зиндон маҳкум карда буданд.
Инчунин Саакашвили аз ҷумлаи муттаҳамон дар доираи парвандаҳои парокандасозии ҳамоиши мухолифин дар рӯзи 7 ноябри соли 2007, бетартибиҳо дар телевизиони "Имеди" ва исрофи буҷаи давлатӣ мебошад, ки феълан баррасии онҳо аз ҷониби додрасҳо идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала