“Ай ҷавонӣ, зуд рафтӣ!”: Регистонӣ гуфт, дар куҷо қарор дорад

© навори Ҷабҳаи муқовимат Регистонӣ ҳамроҳ бо ҳамсангаронаш дар куҳҳои Ҳиндукуш
Регистонӣ ҳамроҳ бо ҳамсангаронаш дар куҳҳои Ҳиндукуш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, фармондеҳи умумии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд маҳалли ҳузури худро ошкор кард
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Пас аз суқути марокизи вилоят ва вулусволиҳои Панҷшер ба дасти “Толибон” дар шаби 5 ба 6 сентябри соли равон нерӯҳои Ҷабҳаи Муқовимат ба дараҳои фаръии Панҷшер ақибнишинӣ карданд.
Иддае аз фармондеҳони ҷабҳаи Панҷшер, назири Ҳоҷӣ Баҳлул Баҳиҷ, кушта, бархе ҳам, аз ҷумла Гулҳайдархон, таслими “Толибон”* шуданд.
https://www.facebook.com/1216485651/videos/3049438765301330/
Аммо қисмати бузурге аз фармондеҳон, назири Ҳамиди Сайфӣ, Мунир Амир, Аминуллоҳ Ғафурӣ, Ҷаландар Воҳид, Ҳасиби Қувои Марказ ва дигарон таҳти фармондеҳии Солеҳ Регистонӣ ба дараҳои фаръӣ паноҳ бурданд. 9 сентябр Регистонӣ бо иттифоқи фармондеҳони таҳти амраш як паёми видеоӣ нашр намуда, аз идомаи муқовимат ва ҷанг бо “Толибон”* хабар дод.
Баъдтар чандин навори видеоӣ ба нашр расид, ки ҳомили паёму тасвирҳое аз муқовиматгарон дар дараҳои фаръии Панҷшер буданд, аммо дар онҳо маҳалли будубоши муқовиматгарон зикр намешуд. Панҷшер 22 дараи фаръӣ дорад, ки аз 5 то 20 километр тӯл доранд ва саъбулубур ба ҳисоб мераванд.
Солеҳ Регистонӣ дар охирин наворе, ки дафтари матбуотии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, гуфтааст, ки ӯ ва ҳамсангаронаш дар охирин нуқтаи кӯтал (ағба) – и Орзу қарор доранд.
Салех Мухаммад Регистани, полевой командир сил сопротивления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Сардори Муқовимат ва "бачае аз Самарқанд": Солеҳи Регистонӣ кист?
Вай байтеро аз як ғазал - “Эй ҷавонӣ зуд рафтӣ аз барам, ёдат ба хайр! То ту будӣ пеши хубон эътиборе доштам” – қироат карда, мегӯяд, кӯтали Орзу миёни 4800 ва 4900 метр аз сатҳи баҳр баланд аст.
“Нафас кашида намешавад, оксиген кам аст. Ҳаво хуб аст, шамол аст, ҳама чиз ҳаст. Кӯҳҳои зебост, пушти сари мо пиряхҳоянд. Аммо вақте нафас каш мекунӣ, шушҳоят аз оксиген пур намешавад. Маънои камбуди оксиген ҳамин аст”, - мегӯяд Регистонӣ.
Кӯтали Орзу миёни вилояти Панҷшеру Андаробҳои вилояти Бағлон ҷойгир буда, яке аз дараҳои фаръӣ ва марбути дараи Панҷшер аст. Тӯли дара беш аз 80 километр буда, ҳудуди 20 километри онро вулусволии Шутул ташкил додааст. 60 километри он ҳавои сарду кӯҳои баланд дорад ва тӯли шаш моҳ барф барфпӯш мебошад, аз ҳамин хотир, холӣ аз сакана аст.
© Сабт аз GoogleНерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар охирин нуқтаи кӯтал (ағба) – и Орзу
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар охирин нуқтаи кӯтал (ағба) – и Орзу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар охирин нуқтаи кӯтал (ағба) – и Орзу
Қуллаҳои Орзу пиряхҳои табиӣ дошта, аз баҳр 4805 метр баланд ва ҳоло сардии ҳаво шабона аз 20 дараҷа зиёд аст. Бино ба ин навор, Регистонӣ, ки худро ба бақияи ҳамсафонаш расондааст, мегӯяд, ин ҷо ҳам муқовиматгарон ҳастанд ва бо худ байрақ низ доранд.
Вай шиори “Зинда бод, муқовимат!” – ро медиҳад ва дида мешавад, ки аз ҳамнавоии ҳамразмонаш гиря гулӯгираш мекунад, аммо худро нигоҳ дошта, зоҳиран сурфа мезанад ва мегӯяд, ки зӯраш ба гуфтани “такбир” нарасид.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Аҳмад Масъуд: Ҷабҳаи муқовимат муборизаашро идома медиҳад ва ба Афғонистон сулҳ меорад
Маълум нест, ин навор кай сабт шудааст, аммо шаҳодат аз он медиҳад, ки нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар шароити вазнини табииву равонӣ ва дур аз дастраси “Толибон”* ба сар мебаранд. Бахусус, ишораҳои Регистонӣ ба ҷавонӣ ва камбуди оксиген низ нишон медиҳад, ки фармондеҳи муқовимат низ азияти равониву ҷисмонӣ мекашад.
Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ 58 сол дорад. Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, гуруҳҳои размандагони ҷабҳа ҳамин гуна дар саросари дараи Панҷшеру Андаробҳо ҷойгир шудаанд ва гоҳ-гоҳ амалиётҳои чирикӣ анҷом медиҳанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала