Рӯзи омӯзгор дар Душанбе: Тақдими 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ба 79 муаллим

© дафтари матбуоти шаҳрдории ДушанбеМаросими таҷлили Рӯзи омӯзгор дар шаҳри Душанбе
Маросими таҷлили Рӯзи омӯзгор дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе бархе устодонро, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтаанд, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ қадрдонӣ кард
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Маросими таҷлили Рӯзи омӯзгор дар шаҳри Душанбе бо ҳузури мақомдорони давлатӣ, кормандону собиқадорони соҳаи маорифи пойтахт баргузор шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар фарҳанги мардуми тоҷик таваҷҷӯҳ ба омӯзиши илму дониш ва арҷгузориву эҳтироми устоду омӯзгор аз куҳан мавқеи хоса дорад.
Манбаъ афзуд, бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ба 79 омӯзгоре, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтаанд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ супорида шуд.
Студенты во время урока в университете в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Бозкушоии макотиб дар Афғонистон бе ҳузури духтарон: ЮНИСЕФ вокуниш кард
"Илова бар ин, як гурӯҳ пешсафони соҳа бо Ифтихорномаи Раиси шаҳри Душанбе, нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки шаҳрдории Душанбе дар баробари эътибор ба баланд бардоштани мақоми омӯзгорон, инчунин аз онҳо масъулияти баланд бардоштани сифати таълиму тарбияро тақозо менамояд.
Бар асоси омори расмӣ, ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 11 ҳазору 80 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 268 ҳазору 55 нафар хонанда машғул мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0