Садамаи маргбор: Бархӯрди зану шавҳари солхӯрдаи скутерсавор бо кӯдаки дучархасавор

CC0 / Pxhere / Велосипед на тропинке, архивное фото
Велосипед на тропинке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори скутер бо дучарха хабар додааст
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Мақомоти милиса мегӯянд, скутер, ки дар он зану шавҳар савор будаанд, бо кӯдаки дучархасавор бархӯрдааст.
Ба иттилои ВУД, Файзуллоев Абдусаттор, соли таваллудаш 1954, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлол, ҳамроҳи ҳамсараш Раҳматова Ҳайтбибии 66-сола ба воситаи скутер ба тарафи ноҳияи Шаҳритус ҳаракат доштаанд.
Манбаъ афзуд, ки ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Носири Хусрав ба самти ноҳияи Шаҳритус, дар ҳудуди деҳаи Камсомол, Файзуллоеви 67-сола аз уҳдаи идора кардани скутер набаромада, ба велосипедрони ноболиғ бархӯрдааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Ҳалокати ҳамсолон бар асари чаппашавии "Мерседес" дар Суғд
Таъкид шудааст, кӯдаки дучархасавор дар ин садама ҳамагӣ 10 сол доштааст.
Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки дар пайи ин бархӯрд Раҳматова ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.ВУД таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон бо ишора ба садамаҳои фоҷиабор, ки ҳамасола садҳо куштаю маҷруҳ барҷой мегузоранд, аз ронандаҳо даъват карданд, ки эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракатро вайрон накунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала