Занги Имрон Хон: Раҳмон гуфт, Тоҷикистон омодаи ҳамкории созанда бо ҳамаи тарафҳост

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон, президент РТ и Имран Хан Премьер-министр Пакистана
Эмомали Рахмон, президент РТ и Имран Хан Премьер-министр Пакистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Имрон Хон, сарвазири Покистон вазъи Афғонистон ва дурнамои онро баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон рӯзи 2 октябр бо ташаббуси ҷониби Покистон сурат гирифт, хабар додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин суҳбати телефонӣ идомаи муколамае, ки дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта буд, Аз ҷумла ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба амнияти минтақаро баррасӣ намуданд ва аваҷҷуҳи махсусро ба вазъ дар Афғонистон додаанд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки вазъи Афғонистон ҳамоно дар маркази диққати ҷониби Тоҷикистон қарор дорад, зеро ҳамаи он рӯйдодҳое, ки дар ин кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ мепайванданд, ба ҳолати амниятӣ дар минтақа таъсири бевосита мерасонанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо сарвазири Покистон Имрон Хон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Имрон Хон гуфт, пас аз суҳбат бо Раҳмон музокира бо Толибонро* оғоз кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки роҳандозии муколамаи васеи нерӯҳои мухталифи ин кишвар яке аз омилҳои муҳими барқарории сулҳу субот дар он арзёбӣ мегардад.

"Бори дигар омодагии ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкории созанда бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ба мақсади мусоидат ба ин раванд дар доираи имкониятҳои мавҷуда иброз гардид", - илова намуд дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Раҳмон ва Имрон Хон мувофиқа кардаанд, ки тамосу машваратҳои ду кишвар оид ба қазияи Афғонистон дар ҳамаи сатҳҳо идома дода шаванд.
Ҷониби Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки ҷонибдори ташкили як давлати ҳамашумул дар Афғонистон бо риояи ҳуқуқи ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ дар Афғонистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала