Беш аз 8,5 ҳазор аҳолии деҳаи Сӯфӣ – Орифии Истаравшан бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд

© PixabayВода в стакане
Вода в стакане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Мақомоти Истаравшан хабар додааст, ки як деҳаи бузурги Сӯфӣ - Орифи Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли ин ноҳия пураа ба оби нӯшокӣ таъмин гаштааст
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ахиран бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, мардуми деҳа ва масъулони соҳа дар деҳаи Сӯфӣ - Орифи Ҷамоати деҳоти Зарҳалол хати нави оби нӯшокӣ ба истифода доданд.
Тавре рӯзномаи “Ҷумҳурият” менависад, дар ин деҳа 8533 нафар ба сар мебарад.
“Сохтмони хати оби нӯшокӣ бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба анҷом расонда шуд. Оби ошомиданӣ аз Ҷамоати деҳоти Пошкент тавассути қубури полиэтилении қутраш 160 миллиметра аз масофаи 7 километр ҷорӣ гардида, аз қубури асосӣ ба деҳаи Сӯфӣ - Ориф дар ҳаҷми 22 литр дар як сония ҷорӣ мешавад”, - зикр кардааст масъулини ноҳия.
Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Кай сокинони шаҳри Хоруғ пурра бо оби ошомиданӣ таъмин мешаванд?
Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур аҳолии деҳа, беморхонаи минтақавӣ, муассисаи таълимии №2 ва 1 бунгоҳи саломатӣ пурра бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд.
Масъулин гуфтааст, ки мушкили чандинсолаи онҳо ҳал гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала