Ҳамид Хуросонӣ суханони қаблиашро дар бораи қатлу шиканҷа дар Панҷшерро рад кард – видео

© Social mediaАбдул Хамид Хурасани, глава сулжбы безопасности Талибов в Панджшере
Абдул Хамид Хурасани, глава сулжбы безопасности Талибов в Панджшере - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Обуна шудан
Омири амниятии гурӯҳии “Толибон”* барои вилояти Панҷшер суханони қаблиашродар бораи қатл ва шиканҷа дар ин вилоятро рад кард
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Абдулҳамид Хуросонӣ, Омири амниятии гурӯҳии “Толибон”* дар Панҷшер гуфт, ки дар Панҷшер куштор ва шиканҷа вуҷуд надорад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Дар Панҷшер куштор ва шиканҷа вуҷуд надорад, дар саросари кишвар сулҳ ва иҷрои қонунҳои исломӣ ҳукмфармост”, гуфт раҳбари амниятии “Толибон”* дар Панҷшер.
Абдулҳамид Хуросонӣ, омири амнияти “Толибон”* дар вилояти Панҷшер,ду рӯз пас аз он, ки гуфта буд, мардуми бегуноҳ дар Панҷшер боздошт ва шиканҷа мешаванд, акнун дар паёми тозаи худ мегӯяд, ки ҳичгуна қатлу шиканҷа вуҷуд надорад.
Ёдрас мешавем, ки чанд рӯз пеш Абдулҳамид Хуросонӣ, омири амниятии “Толибон”* барои Панҷшер гуфт, ки афроде ба ноҳақ ба зиндон афканда ва шиканҷа мешаванд.
Ӯ гуфта буд, ки шикоят аз боздошт ва шиканҷаи афроди бегуноҳ дар Панҷшер ба ӯ расида. Ба гуфтаи вай, дар нисбати мардум набояд зулму истибдод ва беадолатӣ сурат гирад.
Қобили зикр аст, ки “Толибон”* пас аз тассалут бар Панҷшер бархе аз бошандагони ин вилоятро водор ба кӯчкашӣ ва бархе афроди мулкиро дастгир, шиканҷа ва ё тирборон карданд.
Ҳамчунин Ҳамид Хуросонӣ раисҷумҳури Тоҷикистонро ба дахолат дар умури Афғонистон муттаҳам кард ва гуфт, касе ҳуқуқи дахолат ба сиёсати ин кишварро надорад.
* - як созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0