Муҳриддин: Тоҷикистон ҳукумати фарогирро дар Афғонистон эътироф мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки мақомоти нави Афғонистон бояд ваъдаҳои сиёсие, ки қаблан дода буданд иҷро намоянд
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк дар мулоқот бо Антониу Гутерреш, Дабири кулли СММ гуфт, ки Тоҷикистон танҳо як ҳукумати фарогирро дар Афғонистон эътироф мекунад.
“Тоҷикистон ҳукумати фарогирро бо шумули ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ дар Афғонистон эътироф мекунад”, - зикр кард Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
Манбаъ қайд кардааст, зимни мулоқот ҳамсуҳбатон ба расонидани кумаки фаврии гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои роҳ надодан ба фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамзамон хабар дода шудааст, ки зимни суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону СММ-ро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодию-иҷтимоӣ, гуманитарӣ, муҳитизистӣ ва амният мавриди баррасӣ қарор дода, аҳаммияти таҳкими равобити бисёрҷонибаро таъкид карданд.
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин и генеральный секретарь ООН Антонио Гутерреш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Тоҷикистон зери ҳимояи СММ: Муҳриддин ва Гутерриш дар бораи чӣ суҳбат карданд
“Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, инчунин вокуниши муассир ба паёмадҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буданд”, -илова кардааст ВУХ Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон роҷеъ ба вазъи Афғонистон мавқеи хос дорад. Мақомоти Тоҷикистон борҳо таъкид карданд, ки дар Афғонистон бояд як ҳукумати ҳамашумул, бо ҳузури ҳамаи ақвоми ин кишвар ташкил карда шавад.
Сарфи назар аз он, ки қариб ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз мақомоти навтаъйини Афғонистон чунин талаботро пеш гузоштаанд, “Толибон”* борҳо дар бораи Тоҷикистон изҳороти тунди сиёсӣ кардаанд ва ҳамчунин дар бораи интиқоли нерӯҳои мусаллаҳ ба шимоли кишвар хабар дода мешавад.
* - ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала