Дар Тоҷикистон омӯзиши забони русӣ осонтар мешавад

© Российский центр науки и культуры в ДушанбеПредставительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»
Представительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Обуна шудан
Донишҷӯёни тоҷик имкон доранд забони русиро тариқи барномаи ҷадиде, ки аз сӯи вазорати маорифи Русия роҳандозӣ шудааст, аз худ кунанд
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Дар Тоҷикистон Маркази таълимӣ бо забони русӣ ифтитоҳ мешавад, иттилоъ додааст рӯзномаи "Российская газета".
Тибқи иттилои манбаъ, ин лоиҳа бо ташаббуси Вазорати маорифи Русия роҳандозӣ шудааст.
Дар ин марказ донишҷӯёни тоҷик метавонанд дар ду марҳила забони русиро омӯзанд. Аввалан, ба ҷавонон курсҳои маҷозии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Русия пешниҳод мешавад.
Сипас устодони ин донишгоҳ барои идомаи дарсҳо ба Тоҷикистон мераванд. Дарсҳо дар Донишгоҳи ба номи Носири Хусрав воқеъ дар шаҳри Бохтар сурат мегиранд. Барои ин дар назди муассисаи таълимӣ шӯъбаи махсус кушода мешавад.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Путин: Русияву Тоҷикистон барои дастгирии омӯзиши забони русӣ нақшаҳо доранд
Пас аз хатми курсҳо аз ҷавонон имтиҳону санҷишҳо месупоранд. Пас аз бомуваффақият супоридани имтиҳону санҷишҳо ба донишҷӯён сертификати забони рӯсӣ дода мешавад.
Вазорати маориф қайд кард, ки ин ташаббус ба рушди омузиши забони русӣ дар Тоҷикистон тақвият мебахшад. Ҷавонон метавонанд таҳсилашонро дар моҳи ноябри соли равон оғоз кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи барномаҳо оид ба беҳтар намудани сифати таҳсилот бо забони русӣ дар хориҷа, Русия якчанд лоиҳаҳоро роҳандозӣ кардааси. Ба ин барномаҳо - сохтмони мактабҳои русзабон, фиристодани муаллимон ва китобҳои дарсӣ ба кишварҳои дигар, инчунин такмили тахассуси омӯзгорон бо забони русӣ дохил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0