Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

“Толибон”* фурӯши аслиҳаро дар Кобул мамнӯъ эълом кард

© AP / Rahmat GulБоевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Вазорати дифои “Толибон”* мегӯянд, ки гирифтан ва фурӯши аслиҳа, муҳимот ва мошинҳои бидуни санад мамнӯъ аст
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Вазорати дифои “Толибон”* мегӯяд шуморе аз афроди ғайримасъул пас аз вурруди афроди ин гурӯҳ ба шаҳри Кобул аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ ва мошинҳои идороти давлатиро гирифтаанд ва талош мекунандонҳоробифрушанд.
Ин вазорат дар эъломияи худ гуфта аст, ки гирифтан ва фурӯши аслиҳа, муҳимот ва мошинҳои бидуни санад то иттилои баъдӣ мамнӯъ аст.
Ёдрас мешавем, ки аввали моҳи август “Толибон”* ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд.
15 август ҷангҷӯёни “Толибон”* вориди шаҳри Кобул шуданд ва Кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорати худ гирифтанд.
Сипас хабар расид, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кардааст. Субҳи 16 август Толибон эълон карданд, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расидааст ва шакли ҳукумати оянда дар Афғонистон ба зудӣ муайян хоҳад шуд.
7 сентябр Толибон рӯйхати аъзои ҳукумати нави Афғонистонро эълон карданд.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала