Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

“Толибон”* ё кӣ? Кушта шудани як ҷарроҳ бо тамоми узви хонаводааш дар Андаробҳо

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксМехтарлам под контролем запрещенной в РФ организации "Талибан"
Мехтарлам под контролем запрещенной в РФ организации Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат аз кушта шудани як ҷарроҳ ва тамоми аъзои хонаводааш дар Андаробҳо хабар дод
ДУШАНБЕ, 03 окт — Sputnik. Ин фард вақтҳои ахир даҳҳо нафар аз размандагони Ҷабҳаи муқовиматро тадовӣ карда буд.
Ғанӣ Туғрал, маъруф ба Ғании Андаробӣ, яке аз фармондеҳони аршади Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, доктор Зайнуддин, бошандаи дараи Даҳяки вулусволии Пули Ҳисори Андаробҳо бо ёздаҳ узви хонаводааш аз сӯи “Толибон” дар хонааш тирборон шуданд.
“Зайнуддин ҷарроҳи машҳур буд. Даҳҳо нафарро дар ин гӯшаи дурдасти Афғонистон ҷарроҳӣ карда, аз марг наҷот дода буд. Вақте ҷангҳои ахир бо “Толибон” сар шуданд, даҳҳо захмии Ҷабҳаи Муқоваматро дармон кард. Дар миёни аъзои хонаводааш тифлони чорсолаву панҷсола низ буданд, аммо ба ҳеҷ яке аз онҳо тараҳҳум накарданд”, - гуфт Ғании Андаробӣ.
Абдул Хамид Хурасани, глава сулжбы безопасности Талибов в Панджшере - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Ҳамид Хуросонӣ суханони қаблиашро дар бораи қатлу шиканҷа дар Панҷшерро рад кард – видео
Доктор Зайнуддин ҳудуди 55 сол дошт ва солҳо ба ин сӯ клиника ё шифохонаи ВС (Basical centre) – и Пули Ҳисорро раҳбарӣ мекард. Бошандагони маҳал мегӯянд, ин шифохона дар ҳоли ҳозир захмиёни толибро низ ҷарроҳиву тадовӣ мекунад.
“Чор рӯзи қабл шабона чанд фарди сару рӯяшон бо матоъ печонидашуда ба хонаи ӯ меоянд ва тамоми аҳли хонаводаашро тирборон карда, аз соҳа берун мераванд. Аммо нафаҳмидем, ки онҳо толиб буданд, ё кӣ”, - гуфт як сокини маҳал.
Дар ҳамин ҳол, Ғании Андаробӣ мегӯяд, маҳалли зиндагии Доктор Зайнуддин комилан таҳти назорати “Толибон”* аст ва ӯ танҳо касе нест, ки дар ин рӯзҳо дар Андаробҳо кушта мешаванд.
“Ҳар касеро, ки маъқул нашуд, мебаранду истинтоқ мекунанд, шаллоқ мезананд, ки муқовиматгар ҳастӣ. Имрӯзҳо ҷавонон фирор карда, ё ба Кобул мераванд, ё ба сафи муқовиматгарон мепайванданд”, - гуфт Ғании Андаробӣ.
Қаблан Мавлавӣ Оғомир, раиси истихбороти “Толибон”* дар вилояти Панҷшер, эътироф карда буд, ки “Толибон” сокинони ин дараро ба ҷурми панҷшерӣ будан ба шаҳодат мерасонанд.
Ҳамчунин аз бадрафторӣ ва фишори “Толибон”* бар мардуми одӣ Ҳамид Хуросонӣ, фармондеҳи пулиси вилояти Панҷшер низ суҳбат карда буд. * созмони мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала