Зеленский аз зарурати мулоқот бо Путин гуфт: ин вохӯрӣ натиҷабахш мешавад

CC BY-SA 4.0 / Офис Президента Украины / Президент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Зеленский бар ин бовар аст, ки вохӯрии ӯ бо Владимир Путин натиҷабахш хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, омодааст бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кунад ва бовар дорад, ки ин вохӯрӣ пурсамар хоҳад шуд.
"Ман бори дигар тасдиқ мекунам, ки мо ба ин вохӯрӣ омодаем ва бовар дорам, ки ин қадами дуруст барои вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Русия аст. Ба ман возеҳ аст, ки доираи президенти Федератсияи Русия намехоҳад, ки вай бо ман дар шакли тет-а-тет вохӯрӣ баргузор кунад, зеро ин вохӯрӣ метавонад натиҷаҳои ғайричашмдошт ба бор орад", - афзудааст Зеленский.
Президенти Украина ҳамчунин илова намуд, ки ба ҳама гуна мулоқот омодааст, зеро бовар дорад, ки ҳар гуна мулоқот дар ин сатҳ ба Украина дар ҳалли фоҷиаи Донбасс ва масъалаи Қрим кумак хоҳад кард.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Зеленский ба изҳороти Путин дар бораи русҳову украиниҳо посух дод
Ӯ инчунин бар ин бовар аст, ки ҳангоми банақшагирии мулоқот бо Путин набояд ба як барномаи мушаххасе, ки "вазъ чӣ гуна аст" тамаркуз кунад. Зеленский мутмаин аст, ки мулоқоти ӯ бо Путин ҳатман натиҷабахш хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала