Баста шудани як нуқтаи ваксинагирии муҳоҷирон дар Маскав

© Sputnik / Алессандро Рота / Гузариш ба медиабонкВ Сан-Марино открылся прививочный туризм для желающих вакцинироваться "Спутником V"
В Сан-Марино открылся прививочный туризм для желающих вакцинироваться Спутником V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Обуна шудан
Дар пойтахти Русия як нуқтаи ваксинагирӣ бар зиддии коронавирус баста мешавад. Дар ин нуқта муҳоҷирони меҳнатӣ ваксина мегирифтанд
ДУШАНБЕ, 4 окт - Sputnik. Қарор аст, маркази ваксинагирӣ дар меҳмонсарои Маскав баста шавад. Дар ин бора муовини шаҳрдори Маскав, масъули масъалаҳои рушди иҷтимоӣ Анастасия Ракова хабар дод.

"Маркази ваксинагирӣ дар меҳмонсоро баста мешавад. Намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ мисли қабл баргузор хоҳанд шуд",-гуфт Ракова.

Ба гуфтаи вай, чорабиниҳо дар меҳмонсаро мисли замони пеш аз коронавирус баргузор мешаванд.
Ҳамзамон мақомоти шаҳр тасмим гирифтанд, ки кори маркази ваксинагирӣ бар зидди COVID-19 дар ГУМ-ро дубора фаъол намоянд. Зарфияти пазириши он дар як рӯз панҷ ҳазор нафар мебошад.
Вакцинация от COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Даъвати мақомоти Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия барои гирифтани ваксина
Ракова қайд кард, ки ҳоло дар пойтахт барои боз кардани марказҳои бузург барои ваксиназанӣ зарурате вуҷуд надорад.
Маркази ваксиназанӣ дар ГУМ ҳар рӯз, аз соати 10:00 то 21:00 боз аст. Барои онҳое, ки мехоҳанд бар зидди коронавирус ваксина гиранд, биноҳои васеътар ҷудо карда шуда, шароити дастрасӣ ба хидматрасонӣ беҳтар шудааст.
Ёдовар мешавем, ки сокинони Маскав имкон доранд, дар 100 нуқтаи ваксинагирӣ дар шифохонаҳо ваксин бигиранд.
Ҳамзамон шаҳрвандони хориҷӣ дар маркази савдои Садовод, маркази муҳоҷирати Сахарово ва инчунин дар Лужники метавонанд бар зидди коронавирус ваксина бигиранд.
Лентаи хабарҳо
0