Беҳтаринҳои Лигаи олӣ маълум шуданд

© ФФТCoca-Cola-чемпионата Таджикистана-2021 среди команд высшей лиги
Coca-Cola-чемпионата Таджикистана-2021 среди команд высшей лиги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Обуна шудан
Даври 22- юми Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон ҷамъбаст ва беҳтарин дастаҳои футбол муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон даври 22-юми Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни Лигаи олӣ баргузор гардид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии марказии ин давр миёни "Истиқлол" ва тими "Хуҷанд" ғолиб муайян нашуд, зеро бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ дастаи "Истиқлол" ҳамоно пешсаф буда, садрнишини Лигаи олии Тоҷикистон гардид.
Зимнан дастаи "Хатлон" дар майдони худ аз тими "Истаравшан" бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. Дар бозии дигар дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бар тими "Душанбе" бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардид.
Игроки Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
"Истиқлол" боз дар зинаи авали ҷадвали Лигаи олӣ
Бозӣ миёни дастаҳои "Кӯктош" ва "Эсхата" ба фоидаи тими аввалӣ анҷомид. "Кӯктош" тавонист ба дарвозаи бонкдорон панҷ голи беҷавоб ворид кунад.
Дар идома, дастаи КМВА бар дастаи "Файзканд" бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.
Манбаъ меафзояд, тими "Истиқлол" бо касби 52 хол дар мақоми аввал ҷо гирифт. "Хуҷанд" бо 42 хол дар ҷои дуюм ва КМВА, ки холҳояш ба 36 расид, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.
Лентаи хабарҳо
0