Чангу ғубору борон: дамои ҳавои Тоҷикистон барои 4 октябр

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон ҳавои пур аз чангу ғубор идома меёбад ва дар Суғд борон меборад
ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм, аммо дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Водиҳои ин вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм хоҳанд шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво ин вилоят бошад, шабона 2-3 сардӣ ва рӯзона 10+15 гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Вилояти Хатлон ҳавои камабру тағйирёбанда хоҳад дошт. Чангу ғубор дар Хатлон боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 22-27, дар доманакӯҳҳо шабона 4-9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 8-10 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала