Фавти муаллифи танзҳо дар бораи паёмбари Ислом дар як садама

© Sputnik / Павел ЛьвовДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Ларс Вилкс, рассом ва муаллифи тасвирҳои танзомез дар бораи паёмбар Муҳаммад (с) дар як садамаи нақлиётӣ дар Шветсия ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Ларс Вилкс, рассом ва муаллифи тасвирҳои танзомез дар бораи паёмбар Муҳаммад (с) дар як садамаи нақлиётӣ дар ҷануби Шветсия дар якҷоягӣ бо ду афсари пулис, ки ӯро муҳофизат мекарданд, ҷон дод. Дар ин бора сухангӯи пулиси маҳаллӣ ба хабаргузории "Франс пресс" гуфтааст, менависад "РИА Новости".
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса нимарӯзи якшанбе дар роҳи "E4", дар наздикии шаҳри Маркарид рух дод. Мошине, ки рассом дар он сафар мекард, бо мошини боркаш бархӯрд, ки дар натиҷа ҳар ду мошин оташ гирифтанд.
Сухангӯи пулиси маҳаллӣ фарзияи сохта будани ин садамо рад карда гуфтааст, ки он ба таври табиӣ рух додааст.

"Агар ин гуна буд, таҳқиқот ба самти дигар мерафт. Аз ин ҷо, ки ду пулис низ дар ин ҳодиса нақш доштанд, таҳқиқот ба бахши хоси додситон супурда шуд",-гуфтааст манбаъ.

Дар навбати худ сардори пулиси минтақа Карина Перссон ин садамаро, ки дар пайи он ду пулис ва рассом фавтиданд, "даҳшатнок" номидааст.
Матбуоти Шветсия пас аз нашри тасвирҳои танзомез дар бораи паёмбар Муҳаммад (с) дар охири тобистони 2007 аз ҷониби яке аз рӯзномаҳои шведӣ - "Nerikes Allehanda" ба навиштан дар бораи Ларс Вилкс шуруъ кард.
Нашри матолиб дар ин бора боиси сар задани мавҷи эътирозҳо дар ҷаҳони Ислом шуд.
Пас аз нашри ин матолиб таҳдид ба Ларс Вилкс шуд, бинобар ин ӯ тайи беш аз 13 соли ахир, яъне то дами марг таҳти муҳофизати пулис буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала