Ифтитоҳи корхонаи “Тоҷвайн” ва майдони парчам: сафари президент ба Муъминобод

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанОткрытие Площади Государственного флага в селе имени Абуабдулло Рудаки
Открытие Площади Государственного флага в селе имени Абуабдулло Рудаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ва шаҳру навоҳии мамлакат идома дошта, пас аз зуҳри рӯзи 4 октябр ӯ вориди ноҳияи Муъминобод шуд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод рафт.
Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур чандин биноро мавриди истифода қарор дода, бо сокинони маҳаллӣ мулоқоту дидорбинӣ хоҳад кард.
Манбаъ меафзояд, нахуст сарвари давлат дар аз ҷараёни барқарорсозии токзоре дар мавзеи Зартеппаи деҳоти Деҳибаланд шинос шуд.
Гуфта мешавад, дар мавзеи Зартеппа Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави бошишгоҳи саҳроиро мавриди истифода қарор дод, ки он дорои чор толор ва ошхона буда, барои истироҳату фароғати коргарону мутахассисон пешбинӣ шудааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Президент дар Восеъ: Аз ифтитоҳи маҷмааи сайёҳӣ то кӯдакистону коргоҳи адрасбофӣ
Манбаъ мегӯяд, дар мавзеи “Зартеппа”, ки зиёда аз 140 гектарро ташкил медиҳад, хоҷагидорон навъҳои серҳосили маҳаллии ангури ба иқлими минтақа мутобиқро парвариш менамоянд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ин минтақа корхонаи муштараки шарбатбарориро ба истифода дод, ки он аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷвайн” дар масоҳати 3,5 гектар бунёд гардида, бо технологияи муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз мебошад. Хатти технологии корхонаи муштараки шарбатбарорӣ аз Италия дастрас гардида, маҳсулоти истеҳсолгардидаи он дорои сифати баланд ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як соат коркарди зиёда аз 10 тонна ангур буда, 5 номгӯи шарбат истеҳсол мекунад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во время рабочей поездки по регионам Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Раҳмон дар Ховалинг: аз ифтитоҳи мактабу чойхона то коргоҳи асал
Дар идомаи сафари корӣ ба Муъминобод раисиҷумҳури кишвар майдони парчами давлатӣ ва гулгашти зебои ноҳияро ба истифода дод.
Майдони парчам давлатӣ ва гулгашт дар маркази ноҳияи Муъминобод бунёд гардида, баландии сутунпояи парчами давлатӣ 45 метрро ташкил медиҳад.
Бунёди майдони парчами давлатӣ дар қатори дигар иншоот дар ноҳияи Муъминобод дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала