Ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моддаи нав ворид шуд

© PixabayМолоток
Молоток  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон баргузор шуд, ки дар он ислоҳот ба Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ дар бораи таълими динӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни баррасии ин масъала вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонун “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Амнистия заключенных в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи афв”-ро ҳафтаи оянда баррасӣ мекунад
Тибқи лоиҳа ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, моддаи 3341 илова карда мешавад.
“Минбаъд барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва давоми сол, пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад”,-афзуд Муҳаммадато Султонов.
Манбаъ мегӯяд, Лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон" ба Конститутсияи Тоҷикистон ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” мухолифат надорад ва аз буҷаи давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала