Сокини Хуҷанд дар посе аз шаб ҳамсару фарзандонашро корд зад

© Flickr / Mr Korn FlakesKnife
Knife - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Дар Хуҷанд марде нахуст аъзои оилаашро дар шаби хоб корд задаву баъдан худашро низ захмӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон марди 39-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 1 ба 2-юми октябри соли 2021, тахминан соати 01:00 рух додааст. Ин сокини Хуҷанд шаб ҳамсар ва ду духтари ноболиғашро корд задааст, ки дар натиҷа яке аз онҳо фавтидааст.
Гуфта мешавад, муттаҳам дар хонаи истиқоматиаш бо корд якчанд бор ба қафаси сина ва узвҳои дигар аъзои бадани ҳамсараш, зани 32-сола ва фарзандони ноболиғаш, духтарони 8 ва 11-сола, ки дар ҷойгаҳи худ хоб будаанд, задааст.
Дар натиҷаи зарбаҳои корд духтари 11-солааш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
"Ҳамчунин ҳамсар ва духтари 8-солаи ноболиғаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд",-афзуд манбаъ.
Одинокий ребенок на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Қатли писари сесола аз ҷониби падар дар Хуҷанд: Ӯ шубҳа кардаст, ки кӯдак фарзандаш аст
Манбаъ мегӯяд, гумонбаршаванда бо мақсади худкушӣ бо корд ба қафаси сина ва дастонаш худаш низ зада, ҷароҳат расонидааст.
ВУД дар бораи ин қазия шарҳи бештар надодааст.
Ин ниҳод мегӯяд, дар робита ба ин ҳодиса аз тарафи додситонии шаҳри Хуҷанд бо моддаҳои 104, қисми 2 ва 32, қ. 3, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала