Сарпарасти Вазорати маорифи “Толибон”*: Шариати исломӣ мухолифи омӯзиши занон нест

© AFP 2021 / Aamir QureshiСтуденты во время урока в университете в Кабуле
Студенты во время урока в университете в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Сарпарасти Вазорати маорифи гурӯҳи “Толибон”* гуфтааст, ки шариати исломӣ бо омузиши занон мухолифат надорад
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Шайх Нуруллоҳи Мунир, сарпарасти Вазорати маорифи “Толибон”* дар суҳбат бо телевизиони "Ал-ҷазира" гуфтааст, ки шариати исломӣ мухолифи таълими занон нест ва ҳукумати онҳо ҳам иродаи мухолифат бо омӯзиши духтаронро надорад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба "Amaj News".
Вай афзуд, ки онон мутобиқ ба усули шариати исломӣ дар талошанд, то ба ҳама занон замина ва муҳити муносиби омӯзишро баробар кунанд. Ба гуфтаи ӯ, онон ҳеҷ гоҳ аз қавонини ғарбӣ истифода нахоҳанд кард.
Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, Вазорати маориф иродаи тағйири барномаи таълимиро надорад, аммо зарур аст, барномаи таълимӣ, ки хилофи шариати исломӣ ва фарҳанги Афғонистон аст, иваз карда шавад.
Сдача экзаменов в школах Бадахшана на территориях, подконтрольных правительству и Талибану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
"Толибон"*: духтарҳо ба зудӣ ба макотиб бармегарданд
Мунир таъкид мекунад, ки онҳо нияти маҷбур кардани пӯшидани либоси ягона барои хонандагонро надоранд, аммо либоси донишҷӯён бояд ба қонун ва фарҳанги Афғонистон мувофиқ бошад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз суқути Ҳукумати Афғонистон ва омадани “Толибон”* сари қудрат мактабу донишгоҳҳо баста шуданд ва ҳамакнун мактабҳои писарона то синфи 12 ва мактабҳои духтарона то синфи 7 дубора ба кор шурӯъ карданд. То ҳол дар бораи боз шудани донишгоҳҳои Афғонистон хабаре нест.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала