"Twitter" бастани саҳифаҳои "Толибон"*-ро шуруъ кард

© Sputnik Twitter, архивное фото
Twitter, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Шабакаи иҷтимоӣ пас аз нашри ҷузъиёти ҳамлаи террористӣ сафҳаи намояндаи мақомоти феълии Афғонистонро масдуд кард
ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik.Шабакаи иҷтимоии "Twitter" сафҳаи муовини вазири фарҳанг ва иттилооти "Толибон"-ро, ки Забеҳллоҳ Муҷоҳид таъсис додааст, масдуд кардааст.
Роҳбарияти шабакаи иҷтимоӣ ҳанӯз сабаби мушаххаси ин маҳдудиятҳоро ифшо накардааст, аммо дар саҳифаи сухангӯи "Толибон" * гуфта мешавад, ки он бинобар машкук будан баста шудааст.

"Диққат: дастрасӣ ба ин ҳисоб муваққатан маҳдуд аст. Шумо ин огоҳиро мебинед, зеро дар ин ҳисоб фаъолияти ғайриоддӣ мушоҳида шудааст", - навишта шудааст дар сафҳаи твиттерии Муҷоҳид.

Радиои "Salam Watandar" қайд мекунад, ки ин шабакаи иҷтимоӣ пас аз нашри тафсилоти ҳамлаи террористие, ки як рӯз пеш дар наздикии масҷиди Идгоҳ рух дод, саҳифаи ин радикалро бастааст.
Маълум аст, ки ҳангоми маросими видоъ бо модари Муҷоҳид як ҷангҷӯи Давлати исломӣ* инфиҷор ба вуҷуд овард. Бар асари ин таркиш тақрибан 12 тан ҳалок ва 32 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Медики помогают пострадавшим от двух мощных взрывов, произошедших в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Теъдоди намозгузорони кушташуда дар масҷиди Кобул ба 12 нафар расид
Пас аз он "Толибон"* амалиёти вижаеро алайҳи ДИИШ* оғоз карданд ва дар ҷараёни он як гурӯҳи террористонро нест кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Муҷоҳид бо фаъолияти бештараш дар "Twitter" аз дигар мақомоти кунунии Афғонистон фарқ мекунад.
Дар саҳифаи ин мақоми толиб фармон ва изҳороти расмии "Толибон"* ҳам дар бораи вазъи Афғонистон ва ҳам робитаҳои радикалҳо бо ҷаҳони беруна пайдо шудаанд.
* - созмонҳои террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала