Чаро устондори Хуросони Разавӣ ба Кобул рафт?

© Sputnik / JAKПразднование дня независимости в Кабуле
Празднование дня независимости в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Устондори Хуросони Разавӣ бо ҳадафи баррасӣ ва бартараф кардани монеаҳои рушди тиҷорату транзити миёни Хуросони Разавӣ ва Афғонистон ба Кобул сафар кард
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Устондори Хуросони Разавӣ бо ҳадафи баррасӣ ва ҳалли мушкилоту монеаҳои тиҷорату транзити миёни Хуросони Разавӣ ва Афғонистон ба Кобул сафар кард, иттилоъ додааст “Садо ва симо”-и Эрон.
Муҳаммадсодиқи Муътамидиён, устондори Хуросони Разавӣ дар оғози сафараш ба Кобул гуфт, бо тавваҷуҳ ба муштаракоти фаровони байни ду миллати Эрону Афғонистон зарурат эҳсос шуд, ки ба Кобул сафар кунад ва аз наздик вазъияти тиҷорату транзити Афғонистон бо Эрон, бавижа Хуросони Разавиро баррасӣ кунад.
“Бо тавваҷуҳ ба шароити хоси мардуми Афғонистон дар ин сафар вазъияти мардуми ин кишвар, бавижа муҳимтарин ниёзҳои онҳо ба кумакҳои башардӯстонаро низ баррасӣ хоҳем кард, то бар асоси он иқдомоти лозим сурат бигирад”,-гуфт ӯ.
Вид на здание Министерства иностранных дел РФ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Баргузории ҷаласаи фаврӣ дар мавриди Афғонистон дар Маскав
Устондори Хуросони Разавӣ гуфт, бо тавваҷуҳ ба шароити коронаӣ дар Афғонистон қарор аст, як маҳмулаи эҳдоии Эрон, шомили ниқоб, оксиген ва таҷҳизоти мавриди ниёз барои мубориза бо корона дар ихтиёри мардуми Афғонистон қарор гирад.
Мавлавӣ Абдуқайюми Рӯҳонӣ, устондори “Толибон” (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар Ҳирот низ ахиран гуфт, ки “вуҷуди бархе мушкилот дар марзҳои муштараки Эрону Афғонистон як масъалаи табиӣ аст, аммо мо аз мушкилоти мавҷуд огоҳ ҳастем ва посгоҳҳоеро низ барои беҳбуди вазъияти амнияти марзӣ фаъол кардаем ва умедворем, амният дар марзҳоямон бо Эрон ҳарчи беҳтар таъмин шавад”.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала