ВКД Русия шеваи ҷилавгири аз ҷазби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои террористиро эълон кард

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксМеры безопасности в московском метро
Меры безопасности в московском метро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, роҳи асосии паҳншавии омӯзаҳои ифротӣ ва ҷалби нафарон ба гурӯҳҳои террористӣ анҷуманҳои маҷози аст
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Чӣ гуна метавон бо тамоюлҳои ифротӣ миёни муҳоҷирон мубориза бурд, дар мусоҳиба бо “Красная Весна” мушовири вазирикорҳои дохилаи Русия Владимир Овчинский шарҳ додааст.
Ба гуфтаи вай, миёни гурӯҳҳои махфии террористон корҳои харобиовар анҷом дода мешаванд.
"Дар маҷмӯъ, ҳоло зиндагии асосӣ дар онлайн аст, хусусан дар даркнет – интернети пинҳонӣ. Дар онҷо гурӯҳҳои махсуси манфиатдор, тамоюли мазҳабӣ ва ҷиноятӣ вуҷуд доранд", - афзуд намояндаи мақомот.
Овчинский гуфт, ки бояд ба назорати шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳама сатҳҳо таваҷҷӯҳ дода шавад.
ФСБ РФ предотвратила теракт в столичном регионе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
ВКД Русия: Ба сари қудрат омадани “Толибон”* роҳи тундгароёнро боз мекунад
Коршинос қайд кард, ки муҳоҷирро ҳатто метавонанд дар муҳити осоишта ҳам - дар диаспора ба ин гурӯҳҳо ҷалб кард.
"Табиист, ки мутахассисон, хусусан барои кор бо намояндагони диаспораҳои қавмӣ он қадар зиёд нестанд. Ҳамчунин монеаҳои забонӣ вуҷуд доранд", - афзуд мушовири вазири корҳои дохилӣ.
Вай ҳамчунин аз кор бо муҳоҷирон дар масҷидҳо хуб арзёбӣ кард ва қайд кард, ки амали имомони масҷидҳои расмӣ мусбат арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала